Шалғам – муъҷизаи табиат дар зимистон

235

Шалғам манбаи ғанӣ аз витаминҳо аст, ки аз бурузи бисёре   аз бемориҳо дар бадан  пешгирӣ  мекунад.

Онҳое ки санги гурда доранд ҳатман    бояд ин  меваи замистониро истеъмол кунанд. Афроде ки ба санги гурда   дучор  ҳастанд беҳтар аст ин модаи ғизоиро зиёд  масраф  кунанд,  зеро шалғам   боиси осоншавии берунравии кислота аз бадан  мешавад ва бинобар ин беҳтар аст афроде ки санги гурда доранд аз хосиятҳои  он баҳра бибаранд.

Баррасиҳо нишон медиҳанд шалғам   барои дармони  камхунӣ    бисёр асарбахш   аст, чаро ки саршор аз оҳан,мис ва магний  аст.

 Гуфтанӣ  аст бархе аз афроде, ки ба касалии ҷоғарқ ё зоп дучор ҳастанд бо масрафи шалғам   метавонанд ин мушкилро бартараф  кунанд, зеро  ин гуна  сабзавот  дорои миқдори  фаровони ёд аст.

 Истеъмоли  шалғам ба афроде ки фишори хуни зиёд    доранд  низ кумак мекунад, ки ин мушкилро  бартараф  кунанд  ва ин мода  саршор аз маводи ғанӣ ва оҳан аст ва дар пешгирӣ аз   саратонҳо   низ таъсиргузор аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.