Ҳукми сурма кашидани занон

200

Ҳукми сурма кашидани занон

Аҳкоми ороиш

Худованд неъматҳои зиёдеро барои зебои ба мо бахшидааст, ки маъмӯлан дорои хавоси зиёд ва савоби фаровон ҳам мебошад. Аз ҷумла ин неъматҳо истифода аз сурма мебошад ки ривояти фаровоне дар савоби ба кор бурдани сурма барои чашм дорем. Ба унвони мисол: Имом Саҷод (алайҳиссалом) фармӯданд: “الکحل ينبت الشعر و يجفّف الدِّمعه و يُعذِبُ الريق و يجلو البصر; ”

Сурма чаҳор фоида дорад:

  • Ба баланд шудан ва рушди мӯйҳо кумак мекунад.
  • Аз рехтани ашки зиёд( аз ҳадди маъмӯли) пешгирӣ менамояд.
  • Оби даҳонро гуворо месозад.
  • Ва чашмро ҷило медиҳад.

Аммо бояд таваҷҷуҳ дошт, ки ҳамаи неъматҳои Худовандро бояд бо таваҷҷуҳ ба дастур ва тавсияҳои ворид шуда истифода кард. Масалан агар ҳамин сурма бо тамоми хосиятҳое, ки дорад ва истеъмоли он мустаҳаб ҳам мебошад, аммо дар сурати таваҷҷуҳ надоштан ба аҳкоми зинат ва ороиш, метавонад сабаби маъсият ва гуноҳ шавад. Аммо қабл аз баёни саволоҳои пурсидашуда аз уламои ислом ба баёни назароти онҳо мепардозем.

Бархе аз уламо қоиланд ки: агар истифода аз сурма зинат маҳсуб мешавад ва сабаби ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам мешавад, бояд аз номаҳрам пӯшонда шавад.

Бархе дигар гуфтаанд, истифода аз сурмаро зинат намедонад ва ниёз ба пӯшондан надорад.

Ва бархе дигар мегӯянд, истифода аз сурмаро бидуни ишкол медонад.

Савол: Оё барои хонумҳо истифода аз сурмаи чашм дар сурати дидани он тавассути номаҳрам ишкол дорад?

Ҷавоб: Агар зинат бошад ва муҷиби ҷалби таваҷҷуҳи номаҳрам гардад, ишкол дорад.

Савол: оё сурма кашидан зинат маҳсуб мешавад, ва бояд аз номаҳрам бипушонад?

Ҷавоб: бале, бояд бипушонад.

Савол: оё сурма кашидани занон дар берун аз манзил ҷоиз аст?

Ҷавоб: Дар сурате, ки зинат маҳсуб шуда ва номаҳрам бубинад ҷоиз нест.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.