Аниси кунҷи танҳоӣ…

125

Аниси кунҷи танҳоӣ…

Мутолиаи китоб ба мо чӣ медиҳад?

Гар ки хоҳӣ пешрафте бошитоб

Баҳра бурдан аз замонат хубу ноб

Лаҳзаҳои умрро ғофил машав

Аз рафиқи меҳрубоне чун китоб.

“Касе, ки мутолиа намекунад, нисбат ба касе, ки хондан балад нест, ҳеч бартарие надорад” (Марк Твен).

“Китоб беш аз дарс ва муаллим ба инсон меомӯзад. Ман нуҳ даҳӯми маълумоти худро аз китоб омӯхтаам ва як даҳӯмро аз муаллим ва дарс”. (Таботабоӣ).

“Маблағе, ки барои хариди китоб мепардозед, ба маротиб поинтар аз ҳазинаҳоест, ки дар оянда бобати нахондани китоб хоҳед пардохт”.

“Инсонҳои бузург метавонанд ду дақиқа бидуни ҳаво, ду ҳафта бидуни об ва як умр бидуни пул зиндагӣ кунанд, аммо бидуни китоб наметавонанд, ҳатто як лаҳза, зинда бимонанд”.

“Афкор ва андешаҳои инсон ба гунаест, ки мумкин аст фақат хондани як китоб пояи андешаҳо ва афкори инсонро бар мабнои ҷадид ё дар масири хоссе қарор диҳад ва чӣ басо мумкин аст, китобе масири сарнавишти миллионҳо инсонро дар роҳи махсусе биандозад”. (Энштейн).

“Кайфият ва чигунагии зиндагии шуморо ду чиз тағйир медиҳад: китобҳое, ки мехонед ва инсонҳое, ки мулоқот мекунед”. (Мак Луҳон).

“Одамӣ танҳо дар биҳишт ҳам бошад, ба ӯ хуш намегузарад, вале касе, ки ба китоб ё таҳқиқ алоқаманд аст, ҳангоме ки ба мутолиа ё тафаккур машғул аст, ҷаҳаннам ба танҳоӣ барои ӯ беҳтарин биҳиштҳост”. (Морис Метерлинк).

“Беҳтарин дӯсти ман касест, ки китобҳоеро ба ман ҳадя кунад, ки то ба ҳол нахонда бошам”. (Линколн).

“Рӯзона китоб хондан ва навиштанҳои рӯзона метавонад пайвандҳои муфид ва боарзишеро байни мо ва хостаҳоямоон ба вуҷуд биёварад ва ба мурур маҳкамтараш кунад, ҳамин тавр пайвандҳои сусту бефоидаро аз байн бибарад”. (Заҳро Қосимӣ).

“Ба китоб хондан идома бидеҳ, вале ёдат бошад, ки китоб фақат як китоб аст ва бояд ёд бигирӣ, ки барои худат фикр кунӣ”. (Максим Горкий).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.