Хусусияти барги дарахти ангур

142

Дарахти ангур , ки дарахти мӯ низ номида мешавад, дарахтчаест болораванда, ки аз девор ва дарахтони атрофи  худ боло меравад ва соқаи он гиреҳдор ва дорои баргҳои паҳн аст.

Пӯсти ангур дорои танен, тартарати пенасим, кислотаҳои озод ва маводи маъданӣ мебошад,  Дар ангур миқдоре рӯған ва танен мавҷуд аст. Рӯғани мағзи ангур ба ранги зарди моил ба сабзист. Ин рӯған бӯ надорад , аммо таъми хушеро дорост.

 Ҳамчунин ин рӯған дорои тарии глисирид, кислотаи олиак, кислотаи палмитек, линолиак, стеорик ва арашек мебошад.

Хосиятҳои дармонии меваи ангур:

Хилтҳои баданро ба эътидол меоварад.

Хунро соф мекунад.

Сина ва шушро соф ва пок месозад.

Ангур барои дармони варами меъда ва рӯда фоиданок аст.

Дар дармони сил ва сиёҳсурфа ҳам муфид аст.

Онҳое ки меъдаи заиф доранд, бояд ангурро бидуни пӯст бихӯранд, зеро пӯсти он дер ҳазм мешавад ва боиси дарди дил, бод гиирфтани шикам ва дигар дардҳо мегардад.

Ангур беҳарин мева барои касонест, ки мехоҳанд  лоғар бишаванд ва бадани худро  ва кислотаи  авирек, сангҳои талха ва заҳролудшудагӣ аз сурб пок созанд. Ингуна шахсон бояд дар ҳар ҳафта ба муддати ду рӯз фақат оби ангур бихӯранд ва режими оби ангур бигиранд.

Дорои  тонен аст бинобарин боиси гаҳ гохе шикампечӣ  мегардад.

Мағзи ангур барои онҳое, ки масона (пешобдон) ва гурдаи заиф доранд зарарнок аст.

 Хосиятҳои ангур

Дар дармони варами даҳон ва милкҳои дандон таъсирбахш аст.

Оби ғӯраи он барои дармони фарбеҳии аз ҳад зиёд муфид аст.

Оби ғӯраи он чун дорои тартарет петасим аст  ки барои дармони ревмотизм фоидабахш мебошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.