Панҷ хусусияти инсони парҳезгор

149

Панҷ хусусияти инсони парҳезгор

Дар китоби Эҳёъ-ул-улум омадааст, ки рӯзе писари Луқмони Ҳаким (а) аз падараш пурсид: Эй падарҷон! Кадом вижагӣ дар инсон беҳтар аст?

Луқмон (а) гуфт: Дин.

Пурсид: Агар ду то бошад, чӣ тавр?

Гуфт: Дин ва мол.

Пурсид: Агар се то бошад, чӣ тавр?

Гуфт: Дин ва мол ва ҳаё.

Пурсид: Агар чаҳор то бошад, чӣ тавр?

Гуфт: Дин ва мол ва ҳаё ва хулқи некў.

Пурсид: Агар панҷ то бошад, чӣ тавр?

Гуфт: Дин ва мол ва ҳаё ва хулқи некў ва саховатмандӣ.

Пурсид: Агар шаш то бошад, чӣ тавр?

Гуфт: Эй писаракам! Ҳаргоҳ дар инсон ин панҷ вижагӣ ҷамъ шавад, ў покиза, парҳезгор, дўсти Худо ва барӣ аз шайтон хоҳад буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.