Нақши хонавода дар тарбияти кӯдак

109

Нақши хонавода дар тарбияти кӯдак

Хонавода чӣ нақше дар тарбияти кӯдак дорад?

Ҳама медонем, ки тарбият дар хонавода реша мегирад. Хонавода аввалин ҷоест, ки тарбияти кӯдак дар он шакл мегирад.

Хонавода ва оила аввалин ҷоест, ки кӯдак метавонад аз он таъсири тарбиятӣ бигирад. Бинобар ин, хонавода ҳам метавонад созанда бошад ва ҳам табоҳкунандаи ояндаи кӯдак. Муҳити хонавода дақиқан мисли фазои окодемик ва омӯзишиест, ки дар он шумо метавонед дарси зиндагӣ, инсоният ва ахлоқ ёд бигиред.

Аз тамоми аъзои хонавода муҳимтар дар тарбияти кӯдакон, нақши модар ва падар аст ва метавон гуфт, то ҳадди зиёде модар.

Албатта дар тарбияти фарзанд авомили зиёде нақш доранд, аммо ҳеч чиз мисли муҳаббат ва ишқ муҳим нест, ки набояд фаромӯш шавад.

Инсонҳо дорои эсҳсосот ва отифа ҳастанд ва таҳти таъсири онҳо назири ишқу муҳаббат, кина, хашм, тарсу изтироб, шодию ғам ва ғайра қарор мегиранд.

Ин эҳсосот ҳастанд, ки ба зиндагии афрод гармӣ мебахшанд ва навъе муҳаррик барои талош ҳастанд.

Вақте кӯдакон дар хонаводае рушд мекунанд, ки дар он хонавода ишқу муҳаббат ҷараён дорад, дорои ҳолати оромиш ва сукуни бештаре хоҳанд буд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.