Субҳро бо чой ва қаҳва оғоз кунед то мағзатон солим бимонад

Як стакан ( пиёла) қаҳва ё чойи сӯбҳгоҳи метавонад хатари сактаи мағзиро камтар кунад.

146

Агар шумо фарди ҳастед ,ки рӯзона қаҳва ё чой менушед, мағзи шумо мумкин аст аз шумо ташаккур кунад.

Мутолиаи ҷадиде ,ки дар журнали PLOS Medicine мунташир шуд, нишон додааст, афроде, ки рӯзона чаҳор то шаш стакан қаҳваро ба танҳои ё ҳамроҳ бо чой менушанд, камтар гирифтори сактаи мағзӣ ва завол ақл мешаванд.

Дар ин мутолиа беш аз 350 ҳазор фарди солими байни 50 то 74 солро ба даст оварда ва ба ин натиҷа расидааст, ки масрафи чой ва қаҳва хатари заволи ақл ва сактаи мағзиро 28 дарсад кам кардааст.

Мутолиаи қабли нишон додааст, ки қаҳва фоидаи зиёде барои саломатӣ дорад. Ин гиёҳи тираранг таркибҳои мушобеҳеро, ки дар меваҳо ва сабзиҷот ёфт мешавад дорад.

Қаҳва ҳамчунин ба коҳиши мубтало шудан ба бархе сарантоҳо,беҳбуди саломатии ҷигар, коҳиши хатари мубтало шудан ба қанд ва хатари норасоии қалбӣ кӯмак мекунад.

Қаҳва хатари саратони ҷигарро ба нисф мерасонад

Мутолиае дар соли 2017 дар солномаи Тибби дохилӣ ( Annals of Internal Medicine ) нишон додааст, афроде, ки қаҳва майл мекунанд, бештар аз афроде, ки қаҳва наменушанд, умри бештаре мекунанд ва хатари марг дар афроде, ки ҳадди ақал ду то се финҷон дар рӯз менушанд,18 дарсад коҳиш пайдо мекунад.

Бо ин ҳол қаҳва барои афроде, ки мушкили номуназзами қалбӣ доранд метавонад хатарнок бошад.

Ҳамчунин афроде, ки бордор ё ширдеҳ бошанд, аз захми меъда ранҷ мебаранд ё ибтило ба ихтилолоти хоб ё мигрен ҳастанд, бояд аз масрафи қаҳва худдорӣ кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.