Ҳукми чидани абрувони ғафс

259

Агар абрувон ба ҳадде ғафс ё дароз бошад, ки аз ҳадди табиъӣ берун бошад, пас чидани он то баргардонидани абрувон ба ҳадди маъмулӣ ҷоиз аст. Зеро аз боби изолаи айб аст ва дур кардани айб ҷоиз аст. Дар ҳадиси саҳеҳ омадааст, Паёмбар алайҳиссалом барои Ирфиҷа Ибни Саъд иҷоза дод то бинаашро, ки дар ҷанг бурида шуда буд, аз тилло бисозад. Ривояти Тирмизӣ. Маълум аст, ки истифодаи тилло барои мардон  ҳаром аст, вале Паёмбар алайҳиссалом барои дур кардани айб барои ин саҳоби иҷоза доданд, ки биниашро аз тилло бисозад. Аммо агар абрувон ба ҳадди табиъи бошанд пас чидани он ҳаром аст. Ба “Маҳмудулфатово” (4: 315) муроҷаъа шавад.

ҲУКМИ ЧИДАНИ МУЙЕ, КИ ДАР БАЙНИ АБРУВОН АСТ

Уламо дар масъалаи чидани муйе, ки байни абрувон ва болои бини ҳаст ихтилоф кардаанд. Сабаби ихтилофи эшон дар инаст, ки оё ин муй дар ҳукми абрувон дохил аст ё на? Касоне, ки ин муйро дар абрувон дохил кардаанд  чидани онро ҷоиз намедонанд. Аммо касоне, ки ин муйро дар абру дохил накардаанд  чидани онро ҷоиз медонад. Далели ин даста олимон инаст, ки “Ҳоҷиб” (Абру) дар луғати араб ба он устухону гушту муйе гуфта мешавад, ки дар болои чашмон қарор дорад. Ин чунин асли номгузории абру дар забони араб бо лафзи “Ҳоҷиб” дар инаст, ки ҳоҷибайн яъне абрувон равшании офтоб ва арақро аз ҷашм боз медорад. Аз ҷумла олимоне, ки муйи байни абрувонро аз абру намедонанд ва чидани онро ҷоиз мешуморанд, лаҷнаи доимаи ифтои Саъуди аст. Фатовои лаҷнаи доима, 5: 197. Аммо қавли аввал аҳват аст.

ҲУКМИ ТАРОШИДАН Ё КУТОҲ КАРДАНИ АБРУВОН

Тавре дар боло зикр кардем иллати таҳрими чидани абру дар тағйир додани хилқати Худо аст. Пас бинобар қавли саҳеҳ тарошидан ва тунук кардани абрувон  бо қайчи ҷоиз нест. Зеро иллати тағйири хилқати Худо дар ин амал низ зоҳир аст. Дар “Маҳмудул фатово” (4: 319)  низ ноҷоиз будани ин масъаларо зикр кардааст.

ҲУКМИ РАНГ КАРДАНИ АБРУВОН

Ранг кардани абрувон се ҳолат дорад:

1 Ранг кардани  абрувон бо ранге, ки мувофиқи ранги муйи абрувон аст. Мисли усма. Ин навъ ранг кардан ҷоиз аст. Зеро дар ин амал чидани абру ва ё тағйир додани хилқати Худо дида намешавад. Балки ин амал зинат аст ва зинат тавре дар боло зикр кардем барои зан матлуб аст.

2 Ранг кардани боло ва поёни абру бо ранге, ки мушобиҳ бо ранги пуст аст  то абрувон борик намоён шаванд.

3 Ранг кардани тамоми абрувон бо ранги пуст ва бо қалам абруи борик кашидан дар болои он.

Дар ин ду масъала уламои муосир  ихтилофи назар доранд. Баъзе аз уламо  ин амалро ноҷоиз шумурдаанд. Зеро ба гуфтаи онҳо  ин амал  тағйири хилқати Худовандӣ аст.  Аммо назди иддаи дигар аз олимон мисли Ибни Усаймин (р) ранг кардани абрувон бо чунин ранг ҷоиз аст. Зеро Асл дар зинати зан ибоҳат аст. Инчунин ба гуфтаи онҳо дар ин амал чидани абру ё тағйири хилқати Худо дида намешавад. Дар охир бояд  хотиррасон кард, ки  зинат  додани зан худро бо ин зинатҳо танҳо назди шавҳар ва маҳорими зан ва ё занҳо ҷоиз аст. Аммо зоҳир шудани зан бо чунин зинат берун аз хона дар кучау бозорҳо  ҷоиз нест.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.