11 вожае, ки набояд ба ҳамсари хӯд бигӯед

225

Шояд шумо ҳам ба ин натиҷа расида бошед, ки ҳарф дарди зиёде дорад. Бархе аз вожаҳою ҳарфҳо ва ҷумалот, солҳо мағз ва рӯҳи одамеро мехуранд ва ӯро аз дарун нобуд мекунанд. Бисёре аз инсонҳо намедонанд ҳарфҳояшон чи таъсироти бад бар рӯҳияи атрофиён дорад ва хеле роҳат, ҳар он чи ки мехоҳандро ба забон меоваранд ва аслан ҳам барояшон муҳим нест, чи зарбае ба тараф ворид кардаанд.

Инсонҳо бо ҳамин калимот ба ҳам қавл медиҳанд, ба якдигар ишқ меварзанд ва ба ҳам муҳаббат мекунанд. Чаро бояд аз ҳарф ва калимот дар ҷиҳати озурдани якдигар истифода кунем? Чаро вақте метавон бо ҳарфҳои хӯб, шахсияти як инсонро тақвият кард ва сабаби пешрафти ӯ шуд, аз он барои тахриби шахсияти инсонҳо ва атрофиён истифода мекунем?

Дар миёни завҷҳо истифодаи ғалат аз ин вожаҳо бисёр ривоҷ дорад. Бисёре аз онҳо намедонанд ба мурури зиндагии хӯд ва руҳия тарафро нобуд мекунанд ва бархе вожа ё иборатҳои талхро ба таври ҳамешагӣ такрор мекунанд. Инсонҳо шояд ин калимаҳоро фаромӯш кунанд, аммо таъсироти рӯҳии онро фаромуш намекунанд. Захми баъзе ҳарфҳо ҳатто пас аз маъзаратхоҳи низ тармим намешавад. Мутаасифона инсон наметавонад лаҳзаҳои сахти хӯдро ба роҳатӣ фаромӯш кунад.

Барои ҳамин аст, ки баъзе аз одамҳо ҳатто солҳо баъд хотираи ҳарфи зиште ки ба ӯ гуфтаедро бароятон таъриф мекунанд ва мутаваҷҷеҳ мешавад, то чи андоза ин ҳарф барояшон сангин бӯда ки то ҳол дар дил нигаҳ доштаанд.

Дар инҷо 12 вожа ё иборати бисёр содаро ном бурдаем, ки тақозо дорем ҳаргиз ба ҳамсар ё фарди мавриди алоқаи худ нагӯед.

Ҳаргиз

Дар зиндагӣ заношуӣ набояд аз вожаи “ҳаргиз” дар муқобили ҳамсари худ истифода кунед. Вақте ҳамсари шумо мехоҳад коре анҷом диҳад, ин вожаро истифода накунед, зеро сабаби барангехта шудани ҳисси ноумеди дар ӯ мешавад.

Ҳамеша

“ҳамеша” яке аз вожаҳои хатарноки зиндагӣ заношуӣ аст.

Вақте ин вожаро ба кор мегиред гӯё ба таври ғайри мустақим ба тараф мегӯяд ӯ ҳамеша кори иштибоҳ анҷом медиҳад ва ин шумо ҳастед ки дуруст фикр мекунед ва тасмим мегиред . “ҳамеша” маънои “ҳама” ё “ҳеч” дорад. Аз он парҳез кунед.

Танаффур

Танаффур ба таври зотӣ бори манфӣ дорад. Танаффур калимаи бисёр сангине аст. Захми ин вожа бисёр амиқ аст. Бисёре аз зану шавҳарҳо аз ин вожа барои корҳои якдигар истифода мекунанд.

Дар воқеъ аз сангинии ин вожа сӯ истифода мекунанд, то хостаҳои хӯдро ба тарафи муқобил таҳмил кунад. Аммо ин кор илова бар ин ки ғайри ахлоқӣ аст, нороҳатиҳои амиқе дар рӯҳияи тараф эҷод мекунад.

Фарбеҳ

Бо такрори вожаи “фарбеҳ” дар гӯши ҳамсари хӯд, ӯ лоғару хароб намешавад. Ба ҷои истифода аз ин вожаи манфӣ ки бори тамасхуромез дорад, ба ӯ кумак кунед, бо варзиш ва режим хароб шавад.

Бархеҳо фикр мекунанд, ин қадар инро мегӯем то ба худат биёӣ ва хароб шавӣ. Аммо ин тавр зиндагӣ намешавад. Фақад ба ӯ латмаи рӯҳӣ ворид мекунед.

Аҳмақ\ гӯнг

Тавҳину таҳқир ба шуъури тарафи муқобил ба ҳеч унвон андеша ва афкори хубе нест. Ба таври куллӣ масхара кардани дигарон бисёр ғайри ахлоқӣ аст. Аммо зану шавҳарҳо бояд бештар муроқиб бошанд, то ба шуъур ва сатҳи дарки якдигар тавҳину таҳқир накунанд.

Дар ҳақиқат, агар онҳо нафаҳму гунгу аҳмақ бӯдаанд ки бо шумо издивоҷ намекарданд!

Танбал

Бо гуфтани вожаи танбал наметавонед касеро маҷбур кунед, ки бо ҳуш шавад. Такрори ин вожа сабаб мешавад тараф худаш ҳам бовар кунад танбал аст ва авзоъ аз он чи буда бадтар ҳам хоҳад шуд.

Аз тӯ ёд гирифтай…

Агар фарзанди шумо коре анҷом медиҳад, ки аъсоби шуморо ба ҳам мерезад, ва аслан таҳаммули онро надоред, фавран сари ангушти иттиҳом ба тарафи ҳамсари худ дароз накунед, ки ӯ ин корҳоро аз тӯ ёд гирифта аст.

Ин зишт/ бе арзиш аст

Оё шудааст барои касе кори хубе анҷом диҳед, ва ӯ дар баробари ташаккур, коре анҷом диҳад ки сабаби нороҳатӣ шумо бишавад?

Шояд шумо аз дастпухт ё зеваролоти ӯ хушатон наёяд аммо далеле надорад барои холӣ кардани асабонияти худ бо ӯ рафторе зананда дошта бошед. Ҳамеша ташаккур ва эҳтиром гузоштан ба одамҳо натиҷаи беҳтар дорад. Деру зуд дорад аммо сӯхт ва сӯз надорад.

Ин мушкили ман нест

Ҳангоме ки бо касе издивоҷ мекунед мушкилоти ӯ, мушкилоти шумо мешавад ва бар акс.

Издивоҷ яъне широкат дар ҳама чиз. Ба ҷои ин ки худро аз мушкилоти ҳамсари худ дур кунед бояд ба ӯ кӯмак кунед, то онҳоро ҳар чи сареътар бар тараф кунед. Гуфтани ин, ки ин мушкили ман нест ҳеч мафҳуме надорад ва натиҷае ҷуз сард шудани робита дар интизори шумо нахоҳад буд.

Аҷала кун /зуд бош

Ҳеч кас дӯст надорад ин вожаро бишнавад. Тақрибан ҳама медонем вақти дер шудааст бояд аҷала кунем ва ҳама талоши худро дар ин росто анҷом медиҳед. Бинобар ин такрори ин вожа фақат сабаби эстирес ва эҷоди фазои манфӣ мешавад.

Таркат мекунам

Зану шавҳарҳо ҳангоме, ки асабонӣ ҳастанд ва кантроли асоби худро аз даст медиҳанд вожаҳои зиште ба якдигар мегӯянд, ва дар миёни онҳо шояд аз иборати бисёр сангин, таркат хоҳам кард ё талоқ ҳам истифода мекунанд.

Агар воқеан намехоҳед бо фарде номзадӣ ё издивоҷи худро идома диҳед ба ҷои таҳдид воқеан ин масаларо дар ҷои ором матраҳ кунед ва аз ӯ бихоҳед шуморо тарк кунад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.