Ҳамнишини бад кист?

241

Ҳамнишини бад кист?

Бо чӣ касоне ҳамнишинӣ накунем?

Нақл шудааст, ки Имом Саҷҷод(р) ба фарзандашон фармуданд:

Фарзандам, бо панҷ кас ҳамнишинӣ ва рафоқат макун:

1 – Аз ҳамнишинӣ бо дурӯғгӯён парҳез кун, зеро ӯ ҳама чизро бар хилофи воқеъ нишон медиҳад, дурро наздик ва наздикро ба ту дур нишон медиҳад.

2 – Аз ҳамнишинӣ бо гунаҳкор ва одами лоуболӣ бипарҳез, зеро ӯ туро ба баҳои як луқма ё камтар аз он мефурӯшад.

3 – Аз ҳамнишинӣ бо бахил барҳазар бош, ки ӯ аз кӯмаки молӣ, ба ту, он гоҳ ки бисёр ба он ниёзмандӣ худдорӣ мекунад.

4 – Аз ҳамнишинӣ бо аҳмақ дурӣ кун, зеро ӯ мехоҳад ба ту суде расонад, вале ба зарари ту меанҷомад.

5 – Аз ҳамнишинӣ бо қотеи раҳим бипарҳез, ки ӯ дар се ҷои Қуръон мавриди лаъну нафрин қарор гирифтааст.

Қотеи раҳим, касест, ки бо хешовандон қатъи робитаи хешовандӣ мекунад.

Дар ривоёт омадааст, ки ҳатто касоне, ки дорои иродаи қавӣ ҳам бошанд, аз рафиқи бад таъсир мепазиранд, чӣ расад ба кӯдакон ва навҷавонон, ки ба тариқи авло бояд онҳоро аз ҳамсӯҳбатӣ бо афроди мунҳариф ва фосид манъ кард.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.