Чаро бояд китоб бихонем?

107

Чаро бояд китоб бихонем?

Инсоне, ки масоили атрофашро битавонад таҳлил кунад, шахси тавоное хоҳад буд ва дар тасмимгириҳояш муваффақтар ва самарабахштар амал хоҳад кард.

Яке аз бузургтарин нукоти манфие, ки мутаассифона дар бисёре аз мардум ёфт мешавад, набуди тавоноӣ дар таҷзия ва таҳлили масоил ва матолиби мухталиф аст. Ин мавзӯъ боис мешавад, ки илова бар ин ки натавонанд интихобҳои дурусте дошта бошанд, интихобҳо ва гузинаҳои хубе ҳам ки дар дастрашаон қаро мегирад, ба осонӣ аз даст медиҳанд.

Китобхонӣ шуморо маҷбур ба фикр кардан мекунад ва тафаккур кардан боиси қавитар шудани мағзи шумо хоҳад шуд.

Зеҳне, ки бо китобҳо парвариш ёфтааст, ба содагӣ ҳар чизеро намепазирад ва рад намекунад, ин вижагӣ ба шумо кӯмак мекунад, то интихобҳо ва тасмимоти беҳтаре дар зиндагӣ дошта бошед.

Аз муҳимтарин фавоиди китобхонӣ метавон ба мавориди зер ишора кард:

1 – Китобхонӣ боиси афзоиши тамаркуз ва диққат мешавад

2 – Тафаккури наққодонаро ба мо меомӯзад

3 – Китобхонӣ тавоноҳои навишториро дар мо тақвият мекунад

4 – Китобхонӣ як истироҳат ва саргармии муфиди камхарҷ аст

5 – Китобхонӣ аз тамошои филм беҳтар аст

6 – Китоб боис мешавад, бо торих ва саргузашти дигарон ошно шавем

7 – Китобхонӣ аз мо шахсияти иҷтимоӣ месозад.

Дар маҷмӯъ китоб ва китобхонӣ дар иҷтимоъ сабаб мешавад, ҷомеа вижагиҳои зерро соҳиб шавад:

1 – Муваффақияти ҷамъӣ

2 – Огоҳии иҷтимоӣ

3 – Китобхонӣ ва мутолиаи китоб, сатҳи илмии ҷомеаро боло мебарад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.