Ангушт макидан

92

Духтари се солаам ангушт мемакад. Сабаби ин рафтор чист ва оё лозим аст ӯро манъ кунем?

Ҷавоб: ангушт макидани кудак табии аст ва баррасиҳо нишон медиҳад, ки гоҳе ҷинин низ дар раҳими модар ангушт мемакад. Сабаби ин рафтор, ниёзи ғаризаи ширхора ба макидан аст. Албатта ин ниёз дар кудакон яксон нест ва сабаби он то 6 моҳагӣ, гуруснагии навзод ва набуди ирзои макидан аст.

Кудак аз 6 моҳаги ба баъд, барои оромиш, ангушт мемакад; зеро аз фазои раҳим, вориди дунёи хориҷ шуда ва ба сабаби набуди ҳамагонии ин ду фазо, то муддате дучори фишори руҳӣ аст.

Сабаби ангушт макидани фарзанди се солаи шумо чунин аст.

  1. 1- Истифода накардан аз шири модар: Чӣ басо дар даврони кудакӣ, ба таври комил аз шири модар истифода накардааст.
  2. 2- Таскин ва дилдорӣ: Ӯ бо ин рафтор, хотираҳои хуши даврони навзодиро зинда мекунад ва оромиш меёбад. Ин иллат дар сурати аҳаммияти бештари меёбад, ки Худованд, ахиран ба шумо фарзанди дигаре ато карда бошад.
  3. 3- Фазои ноороми хона: Фишорҳои руҳии ноши аз фазои ноороми хона (ихтилофи волидайн, озори атрофиён ва…) метавонад омили муассире дар ангушт макидани ӯ бошад.
  4. 4- Хиҷолати будан: Кудакони хиҷолатӣ, замоне, ки бозӣ ва фаолаитҳои гуруҳи ҳамсолонро мебинанд ва ба сабаби камруӣ дар он фаолиятҳо ширкат намекунанд, ангушт мемаканд.

Чанд тавсия

А) Ба фарзанди худ бештар таваҷҷуҳ кунед ва ниёзҳои ӯро бароваред. Дар оғуш кашидан, сухан гуфтан, овоз хондан, бози кандан ва…, нишонаҳои таваҷҷуҳ афзунтар аст.

Б) Дар баробари ин масъала, ҳассосияти фаровоне нишон надиҳед; чаро ки мумкин аст роҳи барои ҷалби таваҷҷуҳ шавад ё ӯро ба мавзеъи лаҷбозӣ бикашонад.

Г) Ӯро ба вижа барои ин масъала назанед ва бо хушунат бархурд накунед.

Д) Ӯро ба танбеҳи баданӣ ё қатъи алоқа ва муҳаббат, таҳдид накунед.

Ё) Қаланфур ва тези задан ба ангушти кудакон ё печондани онҳо, кори ҷолибе нест.

Ж) Ӯро бо асбоб бозӣ саргарм кунед, то дастонаш машғул бошад ва камтар ба тарафи даҳон бибарад. Талош кунед бо роҳкорҳои пеш гуфта, ин рафторро аз байн бибаред; зеро дар маҳди кудак ва мактаб сабаби тамасхури ҳамсолон мешавад ва осори манфии руҳӣ хоҳад дошт. Афзун бар ин, ангушт макидани дароз муддат, руи дандонҳо ва такаллуми кудак, асари манфӣ мегузорад ва дар ҷавидан, дучори мушкил хоҳад шуд.

Ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ дошта бошед, ки 50% кудакон, ин рафторро то 5 солагӣ, ва бақия то 8 солагӣ тарк мекунад ва дар теъдоди бисёр андакӣ, беш аз ин син идома меёбад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.