Узрхоҳиро ба кӯдакамон омӯзиш диҳем

23

Узрхоҳиро ба кӯдакамон омӯзиш диҳем

Чӣ гуна ба кӯдакамон узрхоҳиро омӯзиш диҳем?

Чаро кӯдак бояд узрхоҳӣ кунад?

Дар чӣ мавориде кӯдак узрхоҳӣ бикунад?

Дар адабиёти гуфторӣ, калимоти тиллоие ҳаст, ки робитаҳои байни аъзои хонавода ва робитаҳои байни дӯстонро мустаҳкамтар мекунад, монанди лутфан, ташаккур, раҳмат, мамнун, ки маънои ташаккуру қадрдониро дорад ва дар канори он, узрхоҳиро ҳам дорем, ки бо калимоте мисли мутаасифам, бубахшед ва мебахшед баён мешавад ва ба маънои узрхоҳӣ ва маъзаратхоҳӣ ба кор меравад.

Ҳоло узрхоҳӣ чӣ гуна ба кӯдак омӯзиш дода мешавад ва чӣ аҳамияте дар тарбияти фарзандамон дорад?

Омӯзиши узрхоҳӣ ба кӯдакон яке аз душвортарин масоили тарбиятӣ аст.

Ба фарзандон омӯзиш додан осон нест, ки иштибоҳи худро бипазирад ва ҳангоми гуфтан ғурури худро канор гузорад.

Ҳамчунин мумкин аст, фарзанди мо эҳсос накунад, ки кораш иштибоҳ будааст ё ин ки ӯ бояд дар ин маврид узрхоҳӣ кунад.

Гоҳе вақтҳо кӯдакон маънои узрхоҳӣ ва мутаассифамро дуруст намефаҳманд.

Аҳамияти омӯзиши узрхоҳӣ ба кӯдакон

Узрхоҳӣ ба кӯдаки мо кӯмак мекунад, иштибоҳоташро бифаҳмад, масъулияти онро бипазирад ва робитаашро беҳбуд бахшад.

Муҳим аст, ки кӯдак бифаҳмад, ки фақат гуфтани “мебахшед”, ё “мутаассифам” кофӣ нест, балки ӯ бояд биомӯзад ва бифаҳмад, ки чӣгуна бо рафтори нодуруст бар шахси дигаре таъсир расондааст.

Фарз кунед, кӯдаки шумо бозичаи дӯсташро гирифта фирор кард ва дӯсташ гиря мекунад.

Дар ҳамон лаҳза ӯро наметавонем маҷбур кунем, ки дар бораи ин кораш фикр кунад ва эҳсоси пушаймонӣ кунад, ё узрхоҳӣ кунад.

Бинобар ин, набояд ҳамон лаҳза бар сари онҳо дод бизанем. Барои ин кор фарзандро бояд тавре тарбият кунем, ки иштибоҳи худро бипазирад, бифаҳмад ва сипас узрхоҳӣ кунад.

Албатта барои узрхоҳӣ бояд чанд масъала дар назар гирифта шавад, ки дар зер феҳраствор ба онҳо ишора хоҳем намуд.

1 – Замони узрхоҳӣ

2 – Чӣ гуна узрхоҳӣ кунем?

3 – Дарки эҳсосот

4 – Адолатмеҳварӣ

5 – Фарзанд ба равиши худаш узрхоҳӣ кунад

6 – Барои фарзандонамон, дар узрхоҳӣ, улгуи рафторӣ ва сармашқи хубе бошем

7 – Аз худамон рафтори хубу дурустро нишон диҳем

8 – Нишон додани меҳрубонӣ

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.