Сатри аврат амри Худованд аст

98

Аз қабл суҳбати хешро бо ин суол оғоз мебахшем, ки дар Англия мубориза ба сатр суд набахшид, дар Тоҷикистон чӣ?
Вақтҳои охир дар байни занону духтарони Англия теъдоди муслимаҳои сатрдор беш аз пеш афзудан дорад, менависад торнамои “Туркистон.нет”.
Ба иттилоъи манбаъ, ин ҳолро ба таври баръало дар кӯчаҳои шаҳри Лондон мушоҳида кардан мумкин аст. То ба ин вақт гуфта мешуд, ки гӯё занону духтарон дар зери фишори аҳли хонавода иҷборан аз сатри аврат риъоят мекунанд. Дар баробари ин, аз тарафи ҳукумат ҳам ҳаракатҳои зидди исломӣ ҷорӣ мегардиданд.
Аммо тибқи тадқиқоти охир маълум шуд, ки баръакси даъвоҳои боло ин гуна мамнуъият ва ҳуҷумҳо барои боз ҳам аз ҷиҳати фикрӣ бедор шудани мусулмонҳо гаштааст. “Rеutеrs” менависад, ҳуҷуму фишор нисбати мусулмонони Англия ягон натиҷаи фоидабахш надод, балки шумораи ҳиҷобпӯшон дар минтақа афзуд.
Дар хабар омадааст, ҳуҷумҳои исломҳаросӣ боиси боз ҳам бедор гаштани муслимаҳо гардидааст ва аз ҳикояи як духтар ва сокини Ландон гуфта мешавад, ки Сумрен Фарук ба туфайли ҳуҷумҳои кӯча сатри авратро риъоя намуда, гуфтааст: Ин амал ҷавоб ба ҳуҷумҳои ғайриахлоқӣ ва ошкор кардани эътиқодам ҳаст.
Муборизаи мақомот алайҳи рӯсариҳои духтарони макотиби оливу миёна дар Тоҷикистон низ солҳо боз идома дорад, вале оё дар мағзи онҳо фикре пайдо шуда бошад, ки агар инсонро аз чизе наҳй кунанд, баръакс ба он чиз ҳаристар мешавад?
Ин амали мақомот агарчи шикоятҳоеро аз ҷониби волидону худи духтарон ба бор оварда бошад, вале теъдоди бонуҳои русаридорро афзоиш бахшид. Онҳое, ки сатрпӯшанд, борҳо мавриди таҳқири роҳбарияти донишгоҳу макотиб қарор гирифтанд, вале рӯсарии худро канор нагузоштанд, ки аз имони воқеъӣ доштани онҳо далолат мекунад.
Билахира сатр ба бар намудани бонуи болиға амри мустақими Худованд аст, на кадом махлуқе. Ислом ба занони мусалмон дастур медиҳад, ки зинати худро аз мардон бипӯшонанд, дар сураи Нур, ояти 31 омадааст: “Ба занони мӯъмин бигӯ, ки дидагони хешро фурӯ гузоранд ва шармгоҳҳояшро (аз чаши дигарон) нигоҳ доранд ва (ҷойҳои) оройиш ва зевари хешро ошкор накунанд, магар он чи пайдост (монанди чеҳра ва даст ва рӯи по) ва мақнаъаҳошонро бар гиребонҳошон бияндозанд ва зевару оройиши худро ошкор накунанд ,магар барои шавҳарону падаронашон ё…”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.