Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 8

25

 

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 8

Арзиши дурандешӣ

Ҳосили кўтоҳӣ – пушаймонӣ ва ҳосили дурандешӣ, саломат аст.  (Ҳикмати 181).

Шинохти ҷойгоҳи сухан ва сукут

Он ҷо, ки бояд сухани дуруст гуфт, дар хомўшӣ хайре нест, ҳамон гуна, ки дар сухани ноогоҳона хайре нест. (Ҳикмати 182).

Арзиши машваратҳо

Касе, ки аз фикрҳо ва назароти гуногун истиқбол кунад, саҳеҳро аз хато хуб хоҳад шинохт. (Ҳикмати 173).

Зарурати ҳақгароӣ

Ҳар кас, ки бо ҳақ даргир шавад, нобуд мегардад. (Ҳикмати 188).

Арзиши сабр ва хатари бетобӣ

Касеро, ки сабр наҷоташ надиҳад, бетобӣ ўро ҳалок гардонад. (Ҳикмати 189).

Мушкилоти дунё

Алӣ (дуруди Худо бар ў) фармуд: Ҳамоно инсон дар дунё тахтаи нишони тирҳои марг ва сарвате аст дар тороҷи мусибатҳо: бо ҳар қатраи нўшиданӣ, гулўдармондане ва дар ҳар луқмае, гулўгир шудане ҳаст ва банда неъмате ба даст наёварад, ҷуз он ки неъмате аз даст бидиҳад ва рўзе ба умраш афзуда намешавад, ҷуз бо кам шудани рўзи дигар! Пас мо ёрони маргем ва ҷонҳои мо ҳадафи нобудиҳост, пас чӣ гуна ба мондани ҷовидона умедвор бошем? Дар ҳоле ки гузашти шабу рўз биноеро боло набурд, ҷуз он ки онро вайрон ва пароканда кунад! (Ҳикмати 191).

Парҳез аз ҷамъоварии сарват

Эй фарзанди Одам, он чиро, ки беш аз ниёзат ҷамъ кунӣ, барои дигарон ҷамъ кардаӣ. (Ҳикмати 192).

Парҳез аз бухлварзӣ

Алӣ (дуруди Худо бар ў) дар сари роҳ аз канори мазбалае мегузашт, фармуд:

Ин ҳамон чизе аст, ки бахилон ба он бухл меварзанд!

Дар ривояти дигар: Ин чизе аст, ки дирўз бар сари он талош мекардед! (Ҳикмати 195).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.