Хонаводаатонро сарватманд кунед!

133

Пур шудани хазонаи хонавода бо сарфаҷуӣ

Яке аз осебҳое, ки ҳамеша хонаводаро ранҷ медиҳад муносиб набудани даромаду харҷи онон аст, ки бархе аз он марбут ба кам будани даромад аст, ки наметавон онро инкор кард. Аммо ҷолиб аст бидонед афроде, ки даромади камиҳам надоранд дар асари маворид аз ин мавзуъ ранҷ мебаранд. Дар байни касоне, ки намедонанд чигуна пулашон харҷ шудааст хонумҳо ҳузури фаолтаре доранд. Аз он гузашта хонумҳо бо назарот ва мудирияте, ки бар умури хонавода ва ҳамсру фарзандони худ доранд, беҳтар метавонанд бар наҳви харҷ кардани кулли хонавода назорат кунанд. Ин мақола ба шумо “хонаводаҳои намунаи” муҳтарм кумак мекунад, то нимаи моҳ пулатон тамом нашавад ва ҳадди ақал то 27 моҳ аз ҳуқуқатон боқи бимонад!!!

Одам намедонад, ки ин пул чи тавр тамом мешавад! Ҳануз ҳафтаи аввали моҳ нагузашта тамоми ҳуқуқ харҷ шудааст. Ҳама чиз гарон аст ва дахлу харҷамон ба ҳам намерасад ва бачаҳо ҳар рӯз харҷашон бештар аз қабл мешавад. Вой намедонам бо ин ҳама мушкил чи кор кунам!!!

Агар инҳо дар дили шумо низ бошад мумкин аст ҳамаи тақсирҳо гардани гаронӣ набошад ва каме дар мудирияти молии хонавода мушкил пайдо карда бошед.

Хуб беҳтар нест, ки бо диққат ба зиндагии худ нигоҳ кунед. Маъмулан чизҳои вуҷуд дорад, ки рӯи ҳам анбор шудааст бе онки истифодае дошта бошад ва дар иваз чизҳое аст, ки бояд мехаридед ва нахаридед. Аввалин коре, ки кардам ин буда ки ба бозор нарафтам магар инки ниёзи зарурӣ пеш биёяд ва пеш аз харид низ листи харидро менавиштам ва пулеро ки ҳадс мезадам ниёз аст бо худ мебурдам на бештар.

Симо мегуяд: то маддаи қабл одат доштам бештар пулеро ки дар хона буд бигираму ба хиёбон ва маркази харид биравам ва мавқеи бекорӣ онҷо қадам занам.

Воқиан қасд надоштам чизе бихарам, аммо вақте вориди онҷо мешудам медидам хела чизҳо эҳтиёҷ дорам. Вақте харид мекардам баъд аз чанд вақт медидам он чизҳои харида шуда он қадар ҳам мавриди ниёз набуда ва иштиҳои бе андоза харид маро бахаридан водоштааст. Баъд аз он мутаваҷҷеҳ шудам агар пулҳоямонро ҷамъ карда будам метавонистам ба як сафари ҳаяҷон ангез биравам ё барои хариди хона сармоя гузори кунам.

Дидам беҳтар аст вақтро беҳуда нагузорам аввалин коре, ки кардам ин буд, ки ба бозор нарафтам магар инки ниёзи зарурӣ пеш биёяд ва пеш аз харид низ листи харидро менавиштам ва пулеро ки ҳадс мезадам ниёз аст бо худ мебурдам на бештар. Талош мекардам мустақим суроғи ҷойҳое биравам, ки ин маҳсулоти мавриди ниёзро мефрушанд. Дар марҳилаи аввал кӯшиш мекардам ба ҷои вақт гузарони дар бозор ба маҳаллаҳои мисли намоишгоҳҳои ҳунарӣ ё мӯзей ва парк биравам. Ҷойҳое, ки эҳтиёҷ набуд бехудӣ пул харҷ кунам.

Дар бисёри мавридҳо харҷу махориҷи рӯзонаи мо танҳо аз рӯи одат шакл мегирад. Дар бисёре аз вақтҳо ин харҷҳои рӯзона ғайри зарурӣ ба назар мерасад. Ҳамин харҷҳои андак агар сарфаҷӯи шаванд метавонад ба масрафҳои муфид ва сармояи бирасанд. Ба унвони мисол Нигина хонум 45 сола аст, ки аз изофа вазн ранҷ мебарад. Ӯ ҳар рӯз субҳ мавқеъи сари кор рафтан як кеки як сомона мехарид ва дар иваз ҳамеша фикр мекард кош ин қадар пули изофа меомад, ки метавонист як василаи варзишӣ барои варзиш дар хона бихарад. Як рӯз ӯ тасмим гирифт ба ҷойи хариди кек луқмаи нону панир, ки солимтар астро сари кори бибарад. Дар иваз ин як сомонро дар ҷойи пасандоз кунад. Ӯ ҳисоб кард агар рӯзе як сомон канор бигузорад мешавад моҳи 30 сомон ва соли 360 сомон, ки барои харидивасилаи варзишие, ки дар назар дошт комилан кофи буд. Ӯ бо ин кор ҳам ба коҳиши вазни худ кумак кард ва ҳам пас аз як сол бо пули ҳамон кекҳое, ки фарбеҳтараш мекарданд як василаи варзиши харид, ки тавонист ҳафтаи ним кило худро лоғару хароб кунд.

Шумо ҳам метавонед ин равишро имтиҳон кунед ва аз ҳоло бо як барнома резӣ шабона аз хона ғизои наҳорро бибаред. Тамоми одоби харҷ кардани худро муҷаддадан арзёби карда ва бубинед, ки оё анҷоми онҳо зарури аст ё хайр.

Ба худатон бигуед: на!!!

Ҳама чизро дар банк мегузорам, то дар пеши дастам набошад. Ин равиши Ҳасан аст, ки ҳеч кантроле бар харҷ карданиҳои худ надорад. Ӯ мутлақан аз корти банкии худ низ истифода намекунад, зеро фарқе бо пули нақд надорад ва ҳамроҳ буданаш вилхарҷиро таҳрик мекунад.

Ӯ мегуяд: аз як ҷойи бояд оғоз мекардам. Пас аз даромади худ ва оилаам ҳамаи махориҷи заруриро ҳисоб кардем ва бақияро дар банк мегузорем. Ҳар вақт ба як рақами хуб мерасад бо як барнома резии дақиқ онро барои корҳои муҳимтар харҷ мекардем вале ҳадафи асосии мо соҳиби хона шудан ва хона харидан аст.

Пешниҳод барои шумо:

  1. 1- Талош кунед аз марказҳои хариде, ки қимати муносибтаре доранд, харид кунед. Бархе аз ин марказҳои пешрафта ҳамон аҷноси дохилии худамонро ба номи турк ва ғайра бо қимати чанд баробар мефрушанд.
  2. 2- Талош кунед харҷҳоятонро бинависед, то дар поёни моҳ нагуед намедонам пулам чи шуд!
  3. 3- Вақте, ки ба сабаби бе диққатӣ аз барқу тилфон ва интернет ва.. истифода мекунед ба фикри қабзи охири моҳ ҳам бошед.
  4. 4- Метавон меҳмониҳои хотир ангизе дод аммо дар теъдоди ғизо, мевау ширинӣ исроф накард.
  5. 5- Барнома резӣ инҷо ҳам ба шумо кумак хоҳад кард. Ибтидо ҳар моҳ листи ақлом мавриди ниёзатонро бинависед ва ҳадафманд барои харид аз хона хориҷ шавед.
  6. 6-Пеш аз инки дохили мағоза шавед ва қимати ҷинсро бипурсед бо худ бигуед: оё воқиан ба хирадаш ниёз дорам?

Муроқибу мувозиб бошед хасису бахил нашавед ва вақте, ки хазонаатон пур шуд ҳамроҳи хонавода ба тафриҳ биравед ва ками ҳам вил харҷи кунед вале онҳам ҳисоб шуда бошад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.