Меъёри арзишҳо дар интихоби ҳамсар

94

Дар ҳеҷ дину мазҳабе, монанди дини Ислом таъкиду тавсия ба издивоҷ нашудааст. Қуръон китоби ваҳй, амри издивоҷу ташкили хонаводаро бо абъоди тарбиятӣ ва ахлоқӣ таъкид ва тавсия намуда ва появу ҳадафҳои издивоҷро бар меъёрҳои салоҳият, ростӣ, дурустӣ, таҳорату покдоманӣ ва наҷобату асолат мушаххас ва муайян намуда, мефармояд:

وَ اَنْكِحُوا الاَيٰمٰى مِنْكُمْ وَٱلصّٰلِحِينَ مِنْ عِبَادِكُمْ وَ إِمَائِكُمْ إِنْ يَكُونُوا فُقَرَاءَ يُغْنِهِمُ اللهُ مِنْ فَضْلِهِ وَٱللهُ وٰسِعٌ عَلِيمٌ

Мардону занони беҳамсарро ҳамсар диҳед ва ҳамчунин ғуломону канизони солеҳ ва дурусткоратонро, агар фақиру тангдаст бошанд, Худованд ононро аз фазли худ бениёз месозад. Худованд Вусъатдиҳандаи Огоҳ аст.[1]

Ин ҷо ду нуктаи қобили таваҷҷӯҳ вуҷуд дорад, аввал ин ки духтарону писарони босалоҳият, ки аз назари ҷисмӣ ва ақлӣ шоистаи издивоҷ бошанд, бояд издивоҷ намоянд. Дуввум ин ки фақиру тангдастӣ меъёр қарор нагирад, чун Худованд аз фазли худ зиндагии мустазъафони мӯъминро таъмин ва тазмин намудааст.

Дар Ислом шароитеро барои зани зиндагӣ ва модари шосита зикр кардааст, аз ҷумла ин, ки боақл, бофаҳм, муаддаб ба одоби писандида ва аз хонаводаҳои наҷибу асил бошанд, то тавонанд фарзандони шоиста барои ҷомеа тарбият намоянд.

Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (а) мефармоянд: “Ҳамоно дар амри занон музокира доштем, аммо бо занони озоду ҳур музокира накунед, зеро онҳо азод ҳастанд ва ин худ имтиёзи бузург аст дар баробари каниз, ки онон шарофати бештаре доранд”. Имом (а) мефармоянд:

وَلَكِنْ خَيْرُ الْجَوَارى مَا كَانَ لَكَ فِيهَا هَوَى وَ كَانَ لَهَا عَقْلٌ وَ أَدَبٌ فَلَسْتَ تَحْتَاجُ إلَى أنْ تَأمُرَ وَ لاَ تَنْتَهَى …

Аммо беҳтарин канизе, ки мавриди алоқаи туст, агар боақлу боадаб буд, пас ӯро интихоб кун, зеро мӯҳтоҷ нестӣ ба ӯ амру наҳй кунӣ. (Чун ӯ оқилу тарбиятёфта аст ва тарбияте, ки дорад ризояти туро ҷалб мекунад).

Модари баъзе аз имомони дин (а) каниз буда ва аз диёнату тақво ҳам, фавқул-одда бархӯрдор будаанд. Имом Мӯсои Козим (а) дар робита бо канизе, ки аз тарбияти бокифоят бархӯрдор нест, фармуданд:

ودُونَ ذَلِكَ مَا كَانَ لَكَ فِيهَا هَوَى وَ لَيْسَ لَهَا أدَبٌ فَأنْتَ تَحْتَاجً إلَى الأمْرِ وَالنَّهْى

Ҳар гоҳ канизи пасттаре, ки адабу тарбият надошт, дар ин сурат ту мӯҳтоҷ ба амру наҳй ва тарбияти ӯ ҳастӣ.

Яъне, агар ӯ боақл, бодироят, боадаб ва ботарбият набошад, пас ту бояд ӯро тарбият кунӣ ва ӯро бисозӣ ва ончунон ки меписандӣ ӯро омӯзиш диҳӣ ва парвариш кунӣ.

[1] Сураи Нур / 32.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.