Ахлоқ дар гуфтори Набии Гиромӣ(с)

29

Ахлоқ дар гуфтори Набии Гиромӣ(с)

Ҳазрати Расули Акрам(с) дар фармудаанд:

“Ҳар кас обрӯи бародари мусалмонашро ҳифз кунад, бидуни тардид, биҳишт бар ӯ воҷиб мешавад”.

“Ҳар кас бахше аз кори мусалмононро бар ӯҳда бигирад ва дар корҳо, монанди кори худ, дилсӯзӣ накунад, бӯи биҳиштро истишмом нахоҳад кард”.

“Ҳар кас барои ниёзи беморе бикӯшад, чӣ онро бароварда созад, чӣ насозад, монанди рӯзе, ки аз модараш зода шуда, аз гуноҳонаш пок мешавад”.

“Сафар кунед то саломат бошед ва суд ба даст оваред”.

“Ҳар кӣ аз бародари худ (аз мӯъмине) гуноҳе бидонад ва онро бипӯшонад, Худованд дар рӯзи қиёмат гуноҳони ӯро бипӯшонад”.

“Боазаматтарин инсон касест, ки ончиро ки ба ӯ марбут нест, раҳо кунад”.

“Банда бо хушахлоқӣ ба мақоми рӯзадори шабзиндадор мерасад”.

“Донотарини мардум касест, ки дониши дигаронро ба дониши худ биафзояд”.

“Донишмандон чароғҳои замин, ҷонишинони паёмбарон, ворисони ман ва ворисони паёмбаронанд”.

“Ба фарзандони худ эҳтиром бигузоред ва онҳоро некӯ тарбият кунед, то мавриди ғуфрони Парвардигор қарор гиред”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.