Ҷавон ва баландҳимматӣ

34

Ҷавон ва баландҳимматӣ

Ривоёте дар мавриди баландҳимматӣ ва иззатмандии ҷавонон

Дар ривоёт ба баландҳимматӣ ва иззатмандӣ дар даврони ҷавонӣ, супоришоти зиёде шудааст, ки аҳодиси зер, гулчине аз ин аҳодис мебошад.

Имом Алӣ (а): Ҳар ки ҳимматаш баланд бошад, арҷаш афзун мешавад.

“ Ҳаргоҳ чизе талаб мекунӣ, баландҳиммат бош”.

“Ҳар ки чашми андешаашро боз кунад, ба ниҳояти орзуҳояш мерасад”.

“Ҳеҷ чиз одамиро монанди ҳиммати баланд баландмартаба намегардонад ва ҳеҷ чиз ўро монанди шаҳват хор намесозад”.

“Ҳар ки зинаҳои ҳимматро бипаймояд, умматҳо ўро гиромӣ медоранд”.

“Се чиз одамиро аз дастёбӣ ба бузургӣ бозмедорад: пастҳимматӣ, камчорагӣ ва сустии раъй”.

“Худро аз пастӣ барканор дор, гарчи туро ба хостаҳоят бирасонад, зеро наметавонӣ баҳои дину обрўятро, ки мепардозӣ ба даст оварӣ, гарчи (дастовардат) ба зоҳир бузург бошад”.

“Худро аз ҳар пастие барканор дор, гарчи туро ба хостаҳоят бирасонад, зеро дар баробари он чӣ аз худ мепардозӣ, чизе ба даст нахоҳӣ овард”.

“Ҳар кас иззати бидуни табор ва бениёзӣ бидуни сарват ва ҳайбат бидуни қудрату салтанатро мехоҳад, бояд худро аз хории нофармонии Худо ба иззати пайравӣ аз ў бикашонад”.

Дар китоби Ал-хисол, ба нақл аз Саҳл ибни Саъд омадааст, ки Ҷабраил (а) назди Паёмбар (с) омаду гуфт: “… Бидон! Бузургии одамӣ ба шабзиндадорӣ ва иззати ў дар бениёзӣ аз мардум аст”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.