Беҳтарин ном барои писарон

579

Дар ривоёт номҳои фаровоне барои писарон зикр гардида, вале рӯи чанд ном ба унвони беҳтарин номҳо таъкиди бештаре шудааст.

Ибни Умар аз Паёмбар(с) нақл мекунад, ки ҳазрат фармуданд:

 “Маҳбубтарин номҳо назди Худованд, Абдуллоҳ ва Абдурраҳмон аст”.[1]

Аз Паёмбар(с) ривоят шудааст, ки фармуданд:

 “Ҳар кӣ соҳиби чаҳор фарзанд шавад ва яке аз онҳоро ба номи ман нагузорад дар ҳаққи ман ҷафо кардааст”.[2]

Дар ривояте аз Паёмбар(с) омадааст, ки фармуданд:

“Ҳар киро писаре ба дунё ояд ва аз сари меҳру муҳаббат ва барои табаррук ҷустан ба номи ман ӯро Муҳаммад биномад, худ ва навзодаш ҳар ду дар биҳишт хоҳанд буд”.[3]

Ҷобир ба нақл аз Расули Худо(с) мегӯяд:

“Хонае, ки номи Муҳаммад дар он бошад Худованд ризқу рӯзии он хонаро густарда гардонад, пас агар фарзандатонро Муҳаммад ном гузоштед, ӯро назанед ва дашномаш надиҳед”.[4]

[1]. Сунани Ибни Моҷа, ҷ.2, саҳ. 1229, Сунани Абудовуд, ҷ.4, саҳ. 443.

[2].  Таҳзибул аҳком, ҷ.7, саҳ. 438, Иддатуддоӣ, саҳ. 87.

[3]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 555.

[4]. Маҷмаулваром, ҷ.1, саҳ. 32.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.