Паёмбари Акрам(с) дар хонавода

74

Паёмбари Акрам(с) дар хонавода

Паёмбари Акрам(с) дар хонавода чӣ рафторе доштанд?

Ахлоқи хонаводагии Паёмбар (с)

Раҳбарони ислом дар ҳамаи заминаҳои зиндагӣ, роҳнамоиҳои лозимро баён карданд то ҳар узви ҷомеаи исломӣ аз ҷиҳати фардӣ ва иҷтимоӣ комил бошад.

Мушоҳидаи сираи амалии шахсиятҳои намуна нақши бештаре дар зиндагии насли ҷавон дорад то суханонашон. Сираи ҳар шахсият бештар аз суханаш гӯёи ҳувияти воқеии ӯст. Агар сухан аз забони шахс берун меояд, сира аз маркази дили он шахсият бармехезад.

Сираи амалии Паёмбари Акрам (с) дар тамоми заминаҳо, беҳтарин сармашқ барои таъсиси мадинаи фозила ва ҷомеаи намунаи исломӣ аст.

Ёфтан ва доштани шахсияти намуна ва чаҳорчӯбҳои фикрӣ, кирдорӣ ва гуфторӣ, дар равобити хонаводагӣ барои ҳар инсон, тавфиқе дар ҷиҳати такомули ҳарчи беҳтари ӯст. Аз сӯе, меъёри ахлоқи инсон, дар дохили хонавода аст, зеро ашхос дар берун, қудрат бар анҷоми рафтори зиддиахлоқӣ надоранд ё ба далели порае мулоҳизот, бадахлоқӣ намекунанд. Касе ки дар манзил зану фарзандонаш таҳти назари ӯянд, бо онҳо хушрафторӣ кунад, хушахлоқ аст.

Дар ин мақола, нумое куллӣ аз ахлоқи хонаводагии Паёмбари Акрам (с)-ро, ки сармашқи аъло ва болотарин сармашқ ва намунаи барҷастаи ахлоқи илоҳӣ аст ва барои такмили ахлоқи некӯ мабъус шуд, ба тасвир мекашем, то бо илҳомгирӣ аз сираи волои эшон зиндагии худописандонае дошта бошем ва ба гунае ки он бузургвор бо аъзои хонавода  рафтор мекард муошират кунем; ба гунае сухан бигӯем, ки он ҳазрат сухан мегуфт; он ҷое ғазаб кунем, ки он азиз хашмгин мешуд ва ҷо афв кунем, ки он ҷаноб мебахшид.

Уммул муъминин Оиша (р) ҳамсари Расули Худо (с), ки ба хусусиёти ахлоқии ӯ огоҳ буд, ҷузъиёти ахлоқӣ ва рафтории Паёмбарро дар як ҷумла хулоса кардааст.

Марҳуми Файзи Кошонӣ дар китоби Маҳаҷҷатул байзо аз Саъд ибни Ҳишом ривоят кардааст, ки гуфт, ба дидори Оиша (р) рафтам ва аз ахлоқи Расули Худо (с) пурсидам. Ӯ фармуд: оё Қуръон намехонӣ? Гуфтам, бале мехонам. Фармуд: ахлоқи Расули Худо (с) Қуръон буд.

Рашидуддин Мейбудӣ дар тафсири ояти “Ҳамоно ту (эй Паёмбар) дорои хулқе бузург ҳастӣ” мегӯяд, Расули Худо (с) ба амру наҳйи Қуръон чунон пойбанд буд ва ба хуштабъӣ рафтор менамуд, ки гӯё хулқи вай ва табъи вай, худи Қуръон бошад.

Ӯ раҳнамудҳои Қуръонро ба дил мегирифт ва дар зиндагиаш аз шевае, ки Қуръон пешниҳод мекард, бе ҳеҷ инҳирофе ва бе он ки ҳеҷ нороҳатӣ дар он раво дорад, пайравӣ мекард ва аз ин рӯ таҷассуми Қуръон ба ҳисоб меомад. Ва ин иддао аз назари Каломуллоҳи Маҷид мавриди таъйид аст

* * *

Кӯмак дар корҳои манзил

“Беҳтарини шумо касе аст, ки бо ҳамсараш хушрафтор бошад ва ман аз тамомии шумо нисбат ба ҳамсаронам хушрафтортарам.”

Дар ахлоқи Паёмбари Акрам (с) ҳамин бас, ки бо он ҷалолат ва мавқеияте, ки ба салотин номаи даъват менавишт, дар хона, то ҳадди имкон корашро шахсан анҷом медод.

Аҳли сира навиштаанд: “Паёмбари Худо (с) дар хонаи хеш хидматгори аҳли худ буд; гӯштро пора мекард ва бар суфраи таоми ҳақирона менишаст ва ангуштони хешро мелесид; бузи худро медӯшид ва либоси худро дарбеҳ менамуд ва бар шутури худ иқол (ресмоне, ки ба василаи он зонуи шутурро мебанданд) мезад ва ба ноқаи (шутури) худ алаф медод; бо хидматгори манзил ордро осиёб мекард ва хамир месохт.”

Ибни Шаҳроҳӯб дар китоби Маноқиб ривоят кардааст, ки “Расули Худо (с) кафши худро васла мезад, пӯшоки хешро медӯхт, дари манзилро шахсан боз мекард, гӯсфандон ва шутурҳоро медӯшид ва ҳангоми хаста шудани ходимаш дар дастос кардан ба кӯмаки ӯ мешитофт ва оби вузӯи шабашро худ таҳия мекард. Ва дар ҳамаи корҳо ба аҳли хона кӯмак мекард. Ва лавозими хона ва зиндагониро ба пушти худ аз бозор ба хона меовард…

Гоҳе иттифоқ меафтод, ки ҳазрат хонаи хешро назофат мекард ва ҷоруб мекашид ва мукаррар мефармуд: “Кӯмак ба ҳамсар ва корҳои манзил садақа ва эҳсон дар роҳи Худо ба ҳисоб меравад.”

Аз Уммулмуъминин Оиша (р) нақл шудааст, ки гуфт: “Маҳбубтарин корҳо назди Расули Худо (с) хайётӣ (дӯзандагӣ) буд.”

Паёмбари Акрам (с) бо ҳамаи азамат ва муваффақияти мумтозаш, дар манзил кор мекард ва ба нигаҳдорӣ ва парасторӣ аз кӯдакон мепардохт.

Уммулмуъминин Оиша (р) ҳамсари он ҳазрат мегӯяд, “вақте хилват мешуд, Паёмбар (с) либоси худро медӯхт ва кафши худро васла мекард.”

Алӣ (к) беш аз 30 сол умри худро бо Расули Худо (с) сипарӣ карда ва шиносотарин фард ба Расули Худо (с) буда ва аз ахлоқи ҳазраташ иттилои дақиқ дошт.

Имом Ҳусейн (р) мефармояд: “Аз падарам дар мавриди умури Расули Худо (с) дар дохили хона суол кардам, фармуданд: вақте ба хонааш мерафт, вақташро се қисмат мекард: як қисмат барои Худо, як қисмат барои хонавода ва як қисмат барои худаш. Он гоҳқисмати худашро низ байни худ ва мардум тақсим мекард ва онро барои бастагон ва бузургони саҳоба (ки дар манзилаш ба хидмати ӯмерасиданд) қарор медод ва заррае аз имконоти худро аз онон дареғ наменамуд, (балки ончи имкон дошт, дар ҳаққашон анҷом медод).”

Ҳазрат (с) дар мавриди умуре, ки ба шахси ӯ марбут мешуд, хашмгин намешуд. Танҳо барои Худо он гоҳ ки ҳурматҳои илоҳӣ шикаста мешуд, ғазаб мекард.

Яке аз ҳамсарони он ҳазрат (с) мегӯяд: “вақте Расули Худо (с) ғазаб мекард, ба ҷуз Алӣ касеро ёрои сухан гуфтан бо он ҳазрат набуд.”

Илова бар ҳамсарон, ҳамнишинони рӯзонаи Паёмбар (с) иборат буданд аз Фотима ва шавҳар ва фарзандонаш ва ба гувоҳии таърих, ба ривоёти фаровон, алоқаи Паёмбари Хотам (с) ба онҳо қобили қиёс бо дигар касон ва наздикони ҳазрат набуд. Ба мӯҷиби ривояте, ки Уммул муъминин Оиша (р) нақл кардааст, “ҳар гоҳ духтараш Фотима ворид мешуд, Паёмбари Худо (с) назди ӯ аз ҷой баланд мешуд ва ӯро аз пешонааш мебӯсид ва дар ҷои худ менишонд.”

Рӯзе Расули Худо (с) вориди утоқи Уммул муъминин Оиша (р) шуд, мушоҳида кард, ки пораи ноне рӯи замин афтодааст, онро бардошт ва хӯрд ва сипас фармуд: “Ё Ҳумайро! Аз неъматҳои илоҳӣ саҳеҳ истифода кун ва онро гиромӣ дор то ҳаргиз неъматҳои Худованд аз мардум дур нашаванд.”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.