Тамоми фоидаҳои сабзӣ

121

Равишҳои гуногуне барои хурдани сабзӣ(зардак ё зардҷома) ба шакли хом, пухта,рандашуда ё ба сурати нармшуда бар асари пухтан ба муддати тулонӣ  вуҷуд дорад. Ин моддаи ғизоии зарду сурхранг саршор аз хосиятҳои фавқулода аст, ки хидмати бузурге ба саломатӣ мекунад, чун метавонад мушкилоти биноӣ, камхунӣ , исҳол(дарунравӣ) ва ғайраро бартараф кунад.

Садде дар баробари офтобсухтагӣ

Сабзӣ асарбахштарин модаи ғизоӣ барои ҷилавгирӣ аз офтобзадагӣ ва офтобсухтагӣ аст . Нурҳои ултрабунафши хуршед ба пуст осеб расонда, гоҳе вақтҳо илтиҳоб эҷод мекунанд, ки шинохтатарин навъи он офтобсухтагӣ аст . Бетакаротини мавҷуд дар сабзӣ пустро муҳофизат карда, боиси тақвияти он мешавад. Дар воқеъ ин антиоксид аз пуст дар баробари ашаъаҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад.Хурдани оби сабзӣ боиси омодасозии пуст барои қарор гирифтан дар маърази нури хуршед мешавад. Барои инки пустатонро барои қарор гирифтан дар маърази офтоб омода кунед аз чанд ҳафта қабл ба таври мураттаб оби сабзӣ бихуред. Албатта молидани креми зидди офтобро ба пуст ҳеч вақт фаромуш накунед, чун ҳеч модаи ғизоӣ ба танҳоӣ наметавонад ҷои кремро бигирад.

 Муқобила бо пукии устухон

Пайдоиши ожангҳо,фарбеҳӣ,пукии устухон ва ғайра дар давраи бозмондани занон аз таваллуд(менопауза) аз қабили мушкилоте ҳастанд,ки яке пас аз дигаре худро нишон медиҳанд. Аммо бо хурдани сабзӣ метавон ин аломатҳоро ба таъхир андохт. Ба хотири инки сабзӣ саршор аз антиоксидҳо аст, ки ба бадан кумак мекунанд, то бо фарсоиши ҳуҷайраҳо ва пирии бадан муқобала намоянд. Ба сурати хом,пухташуда ё оби сабзӣ ва ғайра тавсия мекунем,ки ба таври мураттаб ва пайваста сабзӣ истеъмол намоед.

Муқобила бо камхунӣ‌

Хурдани сабзӣ  барои рафъи камхунии ҷузъӣ муфид аст .   Сабзӣ хосиятҳое дорад, ки бо камхунии ҷузъӣ муқобила мекунад ба хотири инки ба тавлиди бештари глобулҳои сурхи хун кумак мекунад.Сабзиро вориди барномаи ғизоии рӯзонаи худ‌ кунед; фарқе намекунад ба сурати хом, пухта ё оби сабзӣ бошад, дар ҳар ҳол сабзӣ истеъмол намоед.

Дусти рудаҳо

Дилдард,дарунравӣ, ҳолати дилбеҳузурӣ ва ғайра аз ҷумлаи дардҳои маъмул аст.Замоне ки рудаҳо наметавонанд ба дурустӣ обро ҷазб кунанд дарунравӣ рух медиҳад. Яке аз равишҳои таъсиргузор барои муқобила бо ин мушкилот истифода аз сабзӣ аст . Ин модаи ғизоӣ саршор аз фибр аст ва фибри пектини мавҷуд дар он обро ҷазб мекунад ва ба ин тартиб аз шиддати исҳол(дарунравӣ) коста мешавад . Истифода аз сабзӣ ба сурати пухта ё оби сабзӣ барои бартараф кардани дарунравӣ асарбахш аст.

Дусти ҳамешагии чашмҳо

Коҳиши қудрати биноӣ,ашкрезии чашмҳо, мушкили дид ва ғайра; бо гузашти замон чашмҳо заъифтар шуда, гоҳе дучори бемориҳои дохилӣ мешаванд. Хушбахтона сабзӣ дусти саломати чашми мост. Ин сабзавоти зардранг дорои лутиин ё ҳамон антиоксиди қавӣ мебошад, ки қодир аст аз шабакаи  чашмҳо ҳифозат карда, аз мушкили аз байн рафтани биноии марказии чашм(Дистрофия сетчатки глаза),ки вобаста ба пирии синну сол аст, пешгирӣ кунад.

Барои тақвияти дид рӯзона 300 миллиграмм афшура ё оби сабзиро бо афшураи мавриди саҳроӣ омехта карда, истеъмол кунед. Барои тақвияти диди шабона илова бар хурдани сабзӣ метавонед бо назари пизишк ё дорусоз мукаммили бетакаротин истеъмол кунед.

Ба таъхир андохтани пирии пуст

Ҷавонӣ ва шодобии пуст бо сабзӣ имконпазӣр аст.Ин модаи ғизоӣ на танҳо барои аъзои дохилии бадан муфуд аст, балки барои беҳбуди вазъияти пусти мо низ асарбахш аст , ба хотири инки саршор аз бетакаротин ё  ҳамономодакунандаи витамини A мебошад . Ин антиоксид аз пирии ҳуҷайраҳои пустӣ пешгирӣ мекунад . Агар дар барномаи ғизоӣ‌ ба таври мураттаб сабзӣ истеъмол кунед хидмати бузурге ба саломат ва шодобии пустатон хоҳед кард. Аз ҳар фурсате барои масрафи сабзӣ истифода кунед . Дар хуришҳо сабзии рандашуда истифода кунед,оби сабзӣ бихуред … Хулоса инки бо хурдани сабзӣ аз дарун ба саломати пустатон  ёрӣ бирасонед.

Маска барои чеҳра бо сабзӣ

Илова бар масраф сабзӣ метавонед бо он маска низ таҳия кунед . Барои ин кор нисфи як адад сабзиро пуст канда ва хурду реза кунед. Ҳамин корро бо нисфи  бодиринг ҳам анҷом диҳед. Ҳар дуро бо ҳам омехта кунед ва ба руи пустатон қарор диҳед ва баъд аз 15 дақиқа бишуед,ки бар асари он пустатон зебо ва шодоб мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.