Аҳкоми бонувон(қисмати дуюм-Нифос)

97

Занҳо бар асоси сохтори баданӣ ва модаронае, ки доранд дар замонҳои хоссе аз анҷоми баъзе ибодатҳо ва амалҳо манъ мешаванд ва маъоф хоҳанд буд.

Ин ҳолатҳоро, ки ба номҳои қоидагӣ ва ё ҳолатҳои ҳайзу нифос ҳам номбар мекунанд, гоҳ барои хоҳарони муъмина равшан набуда ва сабаби анҷоми баъзе ибодатҳо ва ё тарки баъзе корҳо мешавад. Дар инҷо чанд масъала дар ин боб баён мегардад.

Нифос

С: Нифос чист?

Ҷ: Нифос хунест, ки пас аз валодати фарзанд аз раҳими модар берун меояд.

С: Муддати нифос чанд шабонарӯз аст?

Ҷ: Бештарин муддати нифос 40 шабонарӯз аст, вале муддати камтарини он ҳадде надорад.

С: Хуни нифосе, ки пеш аз 40 шабонарӯз гузаштан қатъ шавад, ҳукмаш чист?

Ҷ: Чи тавре, ки гуфтем камтарин муддати нифос ҳадде надорад, бинобарин ҳар вақто, ки хуни нифос қатъ шавад, ғусл карда намозу рӯзаро ба ҷо меоварад.

С: Агар зане таваллуд кунад, вале аз раҳимаш хун наояд, оё ба хотири таваллуд карданаш дар ҳукми нифос аст?

Ҷ: Не, агар зан баъд аз таваллуд хун набинад, ғусл карда, намозу рӯзаро ба ҷо меоварад.

С: Оғози нифоси зане, ки дугоник таваллуд мекунад, аз кадоминаш аст?

Ҷ: Оғози нифос аз таваллуди тифли аввал ва поёни идда аз таваллуди тифли дуюм аст.

С: Агар тифле бо ҷарроҳӣ аз шикам берун оварда шавад, оё зан дар ҳукми нифос қарор мегирад?

Ҷ: Агар хун аз раҳими модар ҷараён кунад, вай дар ҳукми нифос аст, аммо агар аз раҳимаш ҷорӣ нашавад, хуни нифос набуда, балки ҳукми захмдорро дорад.

С: Агар зане гӯштпора сиқт кунад, оё ҳукми нифосро дорад?

Ҷ: Агар зан сиқт кунад ва баъзе аз аъзои сиқтшуда мисли даст, пой, ангушт, мӯй ва ғайра маълум бошад, зан дар ҳукми нифос аст. Аммо агар чизе аз аъзои он сиқт маълум набошад, зан дар ҳукми нифос намебошад.

С: Туҳре, ки дар миёни муддати нифос пеш меояд, ҳукмаш чист?

Ҷ: Туҳре, ки дар муддати нифос дар миёни ҷараёни ду хун пеш меояд, ҳукми нифосро дорад.

Масалан, одати нифоси зане, ки чанд бор таваллуд кардааст 25 шабонарӯз бошад, агар баъд аз 15 рӯз хун дидан як ё чанд рӯз хун хушк шавад ва боз то рӯзи 25-ум хун биёяд, он рӯз ё рӯзҳое, ки хунаш хушк шуда буд, дар ҳукми нифос аст, зеро одати ин зан 25 шабонарӯз аст.

С: Ҳар вақт зане дар ҳукми нифос бошад, анҷом додани кадом корҳо бар вай ҷоиз нест?

Ҷ: Анҷом додани он корҳое, ки бар зани ҳоиза ҷоиз набуд, барои ин зан ҳам ҷоиз нест.

С: Агар ҷараёни хуни нифос баъд аз 40 шабонарӯз идома дошта бошад ҳукмаш чист?

Ҷ: Хуне, ки баъд аз гузашти 40 шабонарӯз мебинад, нифос нест ва зан ғусл карда намозу рӯзаро ба ҷо меоварад.

Аҳкоми бонувон(қисмати аввал-Ҳайз)

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.