Аҳкоми бонувон(қисмати аввал-Ҳайз)

158

Занҳо бар асоси сохтори баданӣ ва модаронае, ки доранд дар замонҳои хоссе аз анҷоми баъзе ибодатҳо ва амалҳо манъ мешаванд ва маъоф хоҳанд буд.

Ин ҳолатҳоро, ки ба номҳои қоидагӣ ва ё ҳолатҳои ҳайзу нифос ҳам номбар мекунанд, гоҳ барои хоҳарони муъмина равшан набуда ва сабаби анҷоми баъзе ибодатҳо ва ё тарки баъзе корҳо мешавад. Дар инҷо чанд масъала дар ин боб баён мегардад.

Одатҳои занона

Ҳайз

С: Ҳайз чист?

Ҷ: Ҳайз хунест, ки аз раҳими духтарон дар вақти ба балоғат расидан берун меояд ва одатан дар ҳар моҳ як бор ба муддати муайян ҷараён дорад.

Занеро, ки дар ҳоли хун дидан аст, «ҳоиза» гӯянд.

С: Хуни ҳайзе, ки занҳо мебинанд, оё ранги махсус дорад?

Ҷ: Занҳо хунро бо ҳар ранге бубинанд ҳайз аст, магар сафедии холис, ки он ҳайз нест.

С: Муддати ҳайз чанд шабонарӯз аст?

Ҷ: Камтарин муддати ҳайз се шабонарӯз ва бештарин муддати он даҳ шабонарӯз аст.

С: Одат чист?

Ҷ: Чунончи камтарин ва бештарин муддати ҳайзро гуфтем аз 3 то 10 шабонарӯз, гоҳе мумкин аст зане фақат 5 шабонарӯз хуни ҳайз бубинад ва зани дигаре 7 ё 4 ё 8 ва ё 10 шабонарӯз. Бинобар ин зане, ки масалан, фақат 5 шабонарӯз хун мебинад, одаташ 5 шабонарӯз ва зане, ки 8 шабонарӯз хун мебинад, одаташ 8 шабонарӯз аст.

С: Туҳр чист? Оё туҳр ҳам муддати муайян дорад?

Ҷ: Муддати хушкии байни ду ҳайзро «туҳр» (покӣ) гӯянд. Ва камтарин муддати туҳр 15 рӯз аст, аммо муддати бештари он ҳадде надорад.

Яъне, вақте, ки хун дар рӯзи охири одати зан хушк (туҳр) мешавад, пеш аз он ки 15 рӯз гузарад, ду бора хун мебинад, ки ин хун ҳайз нест, чунки ҳанӯз вақти туҳр ба поён нарасидааст.

Аммо муддати бештари туҳр ҳад надорад гуфтем, яъне мумкин аст зане моҳҳову солҳои дароз хун набинад, ки дар ин ҳолат пок аст, то вақте ки ду бора хуни ҳайз бубинад.

С: Туҳре, ки дар миёнаи одати ҳайз пеш меояд, ҳукмаш чист?

Ҷ: Ин туҳр ҳукми ҳайзро дорад. Масалан, зане одат дошт, ки 8 рӯз хун бубинад, агар вақти ҳайзаш омад ва 4 рӯз хун диду рӯзи панҷум хушк шуд ва боз аз рӯзи шашум хун берун ояд, ин туҳр ва покие, ки як рӯзи панҷум дар миёнаи одати ин зан пеш омад, ҳукми ҳайзро дорад.

С: Ҳар вақт зане ҳоиза гашт, яъне хуни ҳайз дид, анҷом додани кадом корҳо бар вай ҷоиз нест?

Ҷ: Панҷ амал бар вай ҷоиз нест:

1. Намоз хондан ва рӯза доштан (чи намозу рӯзаи фарз бошад, чи нафл);

2. Ба масҷид даромадан ва тавофи Каъба анҷом додан;

3. Тиловати Қуръон;

4. Даст задан ба Қуръон, магар ин ки ғилофи ғафс дошта бошад;

5. Ҷимоъ ва алоқаи заношӯӣ кардан бо шавҳар.

С: Оё бар зани ҳоиза намоз ва рӯзаҳое, ки дар вақти ҳайз ба ҷо наовард, қазо дорад?

Ҷ: Намозе, ки дар вақти ҳайз нахонд, аз гардани зан соқит буда, аммо қазои рӯзаҳоро бояд ба ҷо оварад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.