Ҳадя ба занон, ҷумлаҳое ки дӯст доранд шунаванд

109

Худованд занро паноҳгоҳи оромиш ва амният барои афкор ва маншаи ишқ офаридааст ва бар асоси хилқати вуҷудияш махлуқе эҳсосӣ ва отифӣ мебошад.

ӯ нигаришҳои хосе дорад, ки бо табиаташ мутаносиб ва созгор аст ва барои ҳамин дар воқеъ таомул бо ин махлуқ ниёз ба маҳорат, ҳунар ва завқи бисёре дорад. Зеро Паёмбари Худо (с) занро ба косаи шишае ташбеҳ намудаанд ва ба мо амр фармудаанд то бо ӯ бо меҳрубонӣ рафтор намоем ва фармудаанд: «رفقاً بالقواریر» зеро ки ӯ бисёр нозук, зебо ва ҷаззоб аст ва агар бишканад илтиёмаш басо душвортар аст. Шикастани қалби ҳамсар сабаби иҳонат ба мақоми инсонии вай (зулму ситам, зарбу дашном, бетаваҷҷуҳӣ ва дар натиҷа ҷудоӣ) мешавад.

Тибқи оморҳо агар зан аз сӯи ҳамсараш мавриди таваҷҷуҳ воқеъ шавад ва эҳсоси амният кунад дар зиндагияш эҳсоси хушбахтӣ мекунад ва ин саодат ва амният дар ҳафт маврид, ки занҳо бо шуниданаш хушнуд мешаванд, чунин хулоса шудааст:

Якум: равиши фикр ва ҳушёрии занро мадҳ кунед. Масалан бигӯед: ту хеле боҳушӣ ва ё бигӯед, ки фикри ту буд, ки ба ман кумак карда мушкилам ба осонӣ ҳал шуд.

Ин гуна ҷумлаҳо сабаб мешавад, ки зан бовар кунад, ки ҷойгоҳи муҳиме дар зиндагии шумо дорад ва ин сабаби афзоиши эътимод ба нафси ӯ мешавад, (ин корро зебоии ақл меноманд).

Дуюм: ҳамеша аз зебоии ҷисм ва тарзи пушишаш сухан ба миён оред, зеро зан ба танаш таваҷҷуҳи зиёде мекунад, дар ин маврид назари ҳамсараш барои ӯ бисёр муҳим аст.

Бирои мисол метавонед аз либосаш, ҷисмаш ва ҳатто атру хушбӯияш таъриф кунед ва аз ӯ таҳсин кунед, зеро ин ҷумлаҳо барои ӯ гушнавоз аст.

Сеюм: аҳамияти робитаи байнатонро барояш шарҳ диҳед ва таъкид намоед, ки ӯ мояи фахри шумост. Аз он чи, ки бароятон анҷом додааст аз хидматҳо, фидокориҳояш (чӣ ба хонаводаатон кумак карда бошад ё ба шумо кумакҳои молӣ карда бошад) ё барои саломатии фарзандонатон шаб зиндадорӣ карда бошад, сипосгузорӣ кунед.

Чорум: аҳамияти вуҷуди ӯ дар зиндагии худро баён карда ӯро огоҳ созед, ки ӯ беҳтарин дӯсти шумост.

Рӯзе дар хиёбон дӯстам ва занашро дидам, ӯ бо ман дар мавриди фидокориҳои ҳамсараш, ки ҳудуди бист сол дар канори ӯ монда буд то ӯ эътиёдашро тарк кунад, ва гуфт агар занам набуд ман нобуд шуда будам. Медидам, ки занаш бо шунидани ин ҳарфҳо бисёр хушҳол ба назар мерасид.

Панҷум: барои ибтикороте, ки дар зиндагӣ анҷом медиҳад таҳсинаш кунед (масалан бигӯем: дар пухтани хурок ҳамто надорӣ) ё бигӯем: пешниҳодотат хеле ҳушёрона аст ва ман аслан ба онҳо наандешида будам.

Аз робитаи наздике, ки дар байни шумо аст суҳбат кунед ва занонагии ӯро мадҳ кунед, ки ин кор ӯро шод ва сарбаланд мекунад.

Шашум: рафторатон он гуна бошад, ки эҳсос кунад шумо аз ӯ дифоъ мекунед, ҳарчанд, ки ӯ метавонад аз худаш муҳофизат кунад, аммо нишон диҳед, ки шумо дӯст доред ҳомии ӯ бошед ва дар муқобили хонаводаатон ё ҳатто хонаводааш ё дӯстонатон ӯро танҳо нагузошта ҳимояташ кунед, зеро ӯ ин лаҳзаҳоро то поёни умраш фаромӯш намекунад ва замоне, ки ин суханонро мешунавад эҳсоси амният мекунад.

Ҳафтум: рафтори нарм бо ӯ дошта бошед ва ба эҳсосоташ наздик шавед. Вақте бо шумо сухан мегӯяд бидуни ин ки суханашро қатъ кунед ба суханонаш гӯш диҳед, зеро бештари вақт ҳамсаратон аз шумо мушорикати отифӣ мехоҳад, на роҳи ҳалҳои иҷборӣ.

Мавридҳое, ки ёдовар шудем бояд дар қолаби як барнома ва равиши тарбиятӣ дар назар гирифта шавад то фарзандонамон бар асоси он тарбият шуда насле аз мо вориди ҷомеа шавад, ки аз озору иҳонат ва таҳқири зан безорӣ ҷӯянд.

Зан дар асл бояд бар асоси нармӣ ва ишқу зебоӣ парвариш дода шавад, чунончи фармудаи Худованди бузург аст: «أَوَمَن يُنَشَّأُ فِي الْحِلْيَةِ» «Оё касе, ки дар зару зевар парвариш ёфтааст» (Сураи Зухруф: 18). Ва мақсад аз он ин аст, ки зан аз зебоӣ нашъат мегирад ва тарбияти хосе дорад, ки аз тарбияти мард фарқ мекунад. Бинобар ин бузургтарин иштибоҳе, ки мардон муртакиби он мешаванд ин аст, ки дар вақти таомул бо занон рафторашон он гуна аст, ки гӯё бо як марди дигар рӯбарӯ аст, ва ин замоне рух медиҳад, ки занонро намешиносанд.

Бояд ба рафтори Паёмбар (с) бо ҳамсаронаш тааммул кард, то меҳрубонӣ ва лутфу муҳаббаташ дар баробари ҳамсаронашро дар ҳамаи мавқеиятҳо дарёбем.

Барои мисол ӯ (с) муҳаббаташ бо Оиша (р)-ро ҳатто дар ҷамъи аз саҳобагон низ эълон медошт ва мефармуд: «Ба ростӣ, ки Оиша барои ман азиз аст»

ӯ (с) ҳамеша бар рӯи ҳамсаронаш лабханд мезад ва дар вақти сухан гуфтан бо онҳо лаззат мебурд ва дар гуфтугӯҳои онҳо мушорикат мекард.

Дар поён бояд сухани Томас Ҳиллерро ёдовар шавем, ки гуфтааст: зан ними ҷомеа аст ва дар воқеъ ними дигарро ба дунё меорад, дар натиҷа вай ҳамаи ҷомеа аст. Дар пушти ҳар марди бузург зани бузурге истодааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.