Некӣ ва эҳсон ба падару модар

75

Некӣ ва эҳсон ба падару модар

Некӣ ва эҳсон ба падару модар дар ривоёт

Эҳсон ва некӣ ба падару модар, баъд аз масъалаи тавҳид, аз муҳимтарин фароизи илоҳист.

Дар ин навиштор нигоҳе хоҳем дошт ба масъалаи эҳсон ва эҳтиром ба падару модар дар ривоёти исломӣ.

Марде омад хидмати Расули Акрам(с) ва арз кард: Ман хеле майл ба ҷиҳод дар роҳи Худо дорам.

Паёмбар фармуданд: Дар роҳи Худо ҷиҳод кун! Агар дар ҷанг кушта шавӣ, дар назди Худованд зинда хоҳӣ буд ва рӯзӣ дода мешавӣ аз неъматҳои биҳиштӣ ва агар дар байни роҳ марг ба ту расид, аҷру савоби ту назди Худованд хоҳад буд! Ва агар аз ҷиҳод баргаштӣ, мисли рӯзе мешавӣ, ки аз модар мутаваллид шудӣ!

Арз кард: Эй Расули Худо, падару модари ман пир шудаанд ва ба ман маънус мебошанд ва майл надоранд, ки аз назди онон дур шавам.

Ҳазрат фармуданд: Қарор бигир дар назди падару модарат. Қасам ба он кас, ки ҷони ман дар дасти қудрати ӯст, унси падару модар ба ту, ба қадри як шабонарӯз, беҳтар аз ҷиҳоди як сол аст!

Ривояте аз Ибни Масъуд ба ин маъно омадааст, ки мегӯяд, аз Расули Худо пурсидам, маҳбубтарин корҳо назди Худованд кадом аст?

Фармуданд: Намоз.

Ман гуфтам: Баъд аз он кадом кор аст, эй Расули Худо?

Паёмбар дар посух фармуданд: Некӣ ба падару модар!

Ибни Масъуд мегӯяд, ман дубора пурсидам, эй Расули Худо, баъд аз он кадом кор аст?

Ҷавоб доданд, ҷиҳод дар роҳи Худо!

Дар ривояти дигаре, савоби нигоҳ ба падару модар, баробар ба савоби ҳаҷҷи комил дониста шудааст.

Рӯзе Расули Худо(с) дар ҳузури асҳоб фармуданд: Ҳар фарзанди некӯкоре, ки бо меҳрубонӣ ба падару модар нигоҳ кунад, дар баробари ҳар нигоҳ, савоби як ҳаҷҷи комили мақбул ба ӯ дода мешавад.

Саҳобагон пурсиданд: Эй Расули Худо, ҳатто агар рӯзе сад маротиба ба онҳо нигоҳ кунад, он гоҳ савоб ва подоши сад ҳаҷҷи комилро дарёфт хоҳад кард?

Паёмбари Акрам дар посух гуфтанд: Бале; Худованд бузургтару поктар аст!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.