Тақво мояи амнияту оромиши ҷомеа

82

Яке аз нишонаҳои мӯъминон тақво аст, яъне парҳез ва пешгирӣ аз гуноҳу фисқу фасод ва зулму беадолатӣ ва дигар корҳои ношоиста дар фард ва ҷомеа. Ҳар инсони иҷтимоӣ вазифа дорад аввал худашро бо либоси тақво музайян намуд ва дигаронро ба он огоҳӣ ва даъват намояд. Инчунин бояд барои пешгирӣ аз бетақвоӣ, фисқу фасод, зулму беадолатӣ дар ҷомеаи худ талошу кушиш намояд ва аз роҳи гуфтору рафтор ва таълиму тарбияти наслҳо, ояндаи худ ва дигаронро ба сӯи саодати дунё ва охират ҳидоят намояд.

Албатта яке аз сифатҳои муттақин ва парҳезгорон ин аст, ки агар хато ва ё гуноҳе анҷом диҳад, бар он исрор намекунад, балки онро бо тавба назди Худо ҷуброн мекунад ва агар бо бетақвоӣ дар ҳаққи инсоне тааддӣ намудааст, дар ҳадди имкон ва лозим аз роҳи рафтору гуфтори иҷтимоияш онро ҷуброн мекунад. Чун Худои мутаол ҳаққи поймол шудаи инсонҳоро намебахшад!.

 Асари риояти тақво: оромиши иҷтимоӣ

Тақво, ки яке аз сифатҳои олия ва болои инсонист, агар бо зулму фасод ва беахлоқиҳо оғушта нагардад, сабаби рушди моддӣ ва маънавӣ ва авҷи имон аст ва дар натиҷа сабаби эҷоди оромиш дар ҳар муъмин мегардад, ба фармудаи Худои Мутаол ингӯна инсонҳо(муттақин) дар оромишу амният ҳатсанд:

الَّذِينَ آمَنُواْ وَلَمْ يَلْبِسُواْ إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُوْلَئِكَ لَهُمُ الأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ . انعام / 82 ‏

Касоне, ки имон оврданд ва онро бо зулм ҳамроҳ накарданд, дар амният ҳастанд ва онҳо ҳидоят ёфтагонанд. (Сураи Анъом, ояти 82)

Бар асоси ояти зикр шуда, имони инсон асл аст, то вақте ки онро бо зулм, ки намунае аз ширку ва бетақвоист, ҳамроҳ накрда бошад.

Дар ҳақиқат, ҳамроҳии тақво бо имон, сабаби амнияти ҷомеа мешавад, чун инсонҳои ботақво ҳақ ва ҳуқуқи дигаронро риоят мекунанд, лизо ба ҳамдигар амон ва итминони хотир медиҳанд. Вақте ду ҳамсоя аз ҳамдигар дар амон бошанд ва ба ҳамдигар имон ва бовар дошта бошанд ва ин хислат дар тамоми ҷомеа ва ё дар бештари аъзои ҷомеа эҷод гардад, дигар тааддӣ, фасоди иқтисодӣ, зулму беадолатӣ, камфурушӣ ва дуздӣ ва ҳаргӯна гуноҳи дигар дар он ҷомеа вуҷуд нахоҳад дошт ва ин сабаби эҷоди амнияти фикрӣ, ҷонӣ ва молӣ дар ҷомеа мегардад ва сабаби рушди фикрӣ, илмӣ, эътиқодӣ ва дар як сухан пешрафти моддӣ ва маънавиро барои он ҷомеа ба бор хоҳад овард ва албатта ояндагонро ҳам дар он неъмати илоҳӣ, ки амнияту оромиш аст, баҳраманд хоҳад кард.

Асари тарки тақво: нооромӣ ва зулумат

Худои Мутаол дар боби касоне, ки тарки тақво кардаанд ва ба сабаби гуноҳ он оромишу амният ва ризқу рӯзиеро, ки доштанд аз даст додаанд, мефармояд:

وَضَرَبَ اللّهُ مَثَلًا قَرْيَةً كَانَتْ آمِنَةً مُّطْمَئِنَّةً يَأْتِيهَا رِزْقُهَا رَغَدًا مِّن كُلِّ مَكَانٍ فَكَفَرَتْ بِأَنْعُمِ اللّهِ فَأَذَاقَهَا اللّهُ لِبَاسَ الْجُوعِ وَالْخَوْفِ بِمَا كَانُواْ يَصْنَعُونَ / النحل 112

Дар ин оят қиссаи қавмест, ки ба сабаби имону тақво дар неъмату оромиш буданд, аммо замоне расид, ки куфри неъмат намуда тақворо фаромуш карданд. Худованд мефармояд: Хавфу тарс ва ноамниро ба сабаби он корашон, (ки гуноҳ ва бе тақвоӣ буд) ба онҳо ворид кардем ва зиндагии иҷтимоии онҳо ноором гашт ва ин ба сабаби дур шудан аз тақвое буд, ки пеш аз он, ба сабаби ҳамон сифат бо неъматҳои моддӣ ва маънавӣ аз тарафи Худои мутаол баҳраманд буданд.

Бинобар ончӣ баён гашт, агар инсонҳо ба тақво ва покдоманӣ аз назари моддӣ ва маънавӣ таваҷҷуҳ намуда онро дар зиндагии иҷтимоии худ риоят намоянд, дар амният қарор мегиранд ва ҷомеа ва ҳатто ояндагон аз вуҷуди он амният баҳраманд мегарданд.

Ин аз ваъдаҳои илоҳист, ки албатта агар неъматҳои Ӯ фаромуш шавад ва носипосӣ дар ҷомеа бавуҷуд ояд, қавми носипос гирифтори зулумату гумроҳӣ ва ноамнии руҳӣ ва равонӣ хоҳанд гашт ва ояндагонро ҳам зулму бадбахтӣ беамон хоҳад кард.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.