Кори имрӯзро ба фардо магузор

721

Кори имрӯзро ба фардо магузор

Чаро дар анҷоми корҳо имрӯзу фардо мекунем?

Чаро корҳоямон ақиб меафтад?

Як зарбулмасали маъруф ҳаст, ки мегӯяд: “Кори имрӯзро ба фардо магузор!”

Маънои ин зарбулмасал хеле возеҳу рӯшан аст, ки кори имрӯзамонро ҳамин имрӯз анҷом диҳем ва ба фардо магузорем, зеро фардо мумкин аст, кори дигаре бароямон пеш ояд ва натавонем ин корро анҷом диҳем ва дар ниҳоят, корамон нотамом бимонад.

Афроде, ки корҳояшонро ба таъхир меандозанд, дар тамоми муддат ба фикри ин ҳастанд, ки корҳои ақибафтодаро анҷом диҳанд ва ҳеч вақт таъсири корҳоеро, ки анҷом медиҳанд, дар зиндагиашон намебинанд.

Ҳамеша ба хотири корҳое, ки анҷом надодаанд, изтироб доранд ва наметавонанд дар замони ҳол зиндагӣ кунанд ва мудом ба фикри оянда ва корҳояшон ҳастанд.

Далели ба таъхир андохтани корҳо чист?

Чаро баъзе аз мо талош мекунанд, то ҷое ки имкон дорад, фаъолиятеро анҷом надиҳанд, ё онро ба таъхир андозанд?

Ба таъхир андохтани корҳо мушкилест, ки хеле аз афрод бо он сару кор доранд. Албатта ҳамаи мо кам ё зиёд, ин корро анҷом додаем.

Аммо касоне ҳастанд, ки ба таъхир афтодани корҳояшон ҳамешагист ва гоҳе ин кор натиҷаи бисёр вайронгар дорад ва бар зарари шахс тамом мешавад.

Чаро мо корҳоямонро дар замони худаш анҷом намедиҳем?

Чанд масъалаи куллӣ ҳаст, ки метавон ба унвони далели ин кор ба шумор овард, аз ҷумла камолгароӣ, ба ин маъно, ки кореро, ки бояд анҷом диҳем, мехоҳем ба беҳтарин навъ анҷом дода бошем, бинобар ин гоҳе ба он кор даст намезанем ва мунтазир мемонем то замонаш фаро расад ва мо онро ба наҳви беҳтарин ва олитарин анҷом диҳем.

Далели дигар, надоштани барномарезӣ дар корҳост ва инчунин яке аз далелҳои дигар изтироб аст, ҳамчунин алоқа надоштан ба он кор, тарс, бовар надоштан ба худамон метавонад аз далоили дигари ин мавзӯъ бошад.

Дар идома ба чанд роҳи ҳалли муносиб барои бартараф кардани ин мушкил мепардозем…

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.