Хоби ту беҳтар аст!

28

Хоби ту беҳтар аст!

Ҳикоятҳое аз Гулистони Саъдӣ

Ба ёд дорам, ки дар даврони кӯдакӣ, ибодати Худоро мека   рдам ва шабҳо бедор будам. Як рӯз дар канори падарам нишаста будаму тамоми шабро бедор будам ва китоби Қуръонро дар барам доштам. Иддае дар канори мо хобида буданд.

Ба падарам гуфтам: Аз ин афрод яке ҳам бедор намешавад, ки ду ракъат намоз бихонад. Ончунон дар хоб рафтаанд, ки гӯё нахобидаанд, балки мурдаанд.

Падарам гуфт: Эй фарзанди азизам, ту ҳам агар мехобидӣ, беҳтар буд, то ин ки дар бораи ин мардум ғайбат кунӣ.

Набинад муддаӣ ҷуз хештанро

Ки дорад пардаи пиндор дар пеш

Гарат чашми худобинӣ бибахшанд

Набинӣ ҳеч кас, оҷизтар аз хеш.

(Гулистони Саъдӣ, боби дуюм, “Дар ахлоқи дарвешон”, ҳикояти ҳафтӯм”).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.