Модар ва саодату шақовати кӯдак!

267

Пас аз басташудани нутфа, даврони пурҳодисаи ҳамлу бордорӣ оғоз мегардад, даврони бордории модар масъулиятҳои хатири модарии ӯ оғоз мегардад ва модар аз ҳамон ибтидои ҳамл, бори вазнини тарбияти кӯдакро ба ӯҳда мегирад.

Пайғамбари Бузурги Ислом (с) мабнои саодат ва бадбахтии кӯдакро аз ҳамон оғози бордорӣ таъйин карда, мефармоянд:

اَلشَّقِىُّ مَنْ شَقِىَ فِى بَطْنِ اُمِّهِ وَالسَّعِيدُ مَنْ سَعِدَ فِى بِطْنِ اُمِّهِ

Бадбахт касест, ки дар шиками модар гирифтори шақоват мегардад ва хушбахт касе аст, ки аз шиками модар саодатмандии ӯ пайрезӣ мешавад.

Масъулиятпазирии модар

Масъулияти саодату хушбахтии кӯдакро модар аз ибтидои бордорӣ ба ӯҳда гирифтааст, зеро  бордор шудан ин масъулиятро ба дӯши ӯ ниҳодааст, Пайғамбари Худо (с) фармуданд:

فَالْمَرْأةُ رَاعِيَةٌ عَلَى اَهْلِبَيْتِ بَعْلِهَا وَهِىَ مَسْئُولَةٌ عَنْهُمْ وَ…

Зан бар хонаводаи шавҳараш ва (дар ғиёби ӯ) бар тамоми фарзандонаш фармонравоӣ намуда ва масъулияти тарбияти ононро ба ӯҳда дорад.

Саодату хушбахтии фарзанд сармояест, ки модар барои худ ва ҳамсар, махсусан барои фарзандаш саъю талош мекунад, ки таъмин намояд, агар як писар ё як духтар ба камоли ниҳоии худ роҳ ёфт, ин иззату азаматро аз модар касб намуда ва заҳматҳои тарбиятӣ ва парваришии модар ӯро ба ин саодату хушбахтӣ расондааст ва аз файзи камолу ҷамол ва саодату хушбахтии фарзанд баҳраманд мешавад ва рушду тараққии моддӣ ва маънавии фарзандро модар барои худ ифтихор медонад ва бо он меболад.

Бояд гуфт, дуди шақовату бадбахтии фарзанд низ, аввал ба чашми модар меравад ва озори фарзанди маълули ҷимсӣ ва равонӣ, ибтидо ба модар мерасад. Ва модар агар аз имону тақво бархӯрдор бошад, осори бад ва корҳои ноҳанҷори фарзандро бештар аз дигарон эҳсос мекунад, ки ӯ сабабҳои фазоҳату расвоии модарро фароҳам карда ва аксуламали парваришӣ ва тарбиятии фарзанд, ибтидо ба модар бармегардад.

Модар аст он касе, ки месӯзад,

Ҳамчу шамъе ба пои фарзандон.

В-ар шавад модаре асири ҳавас,

Ғофил аз моҷарои фарзандон.

Ӯст масъул ҳар чӣ пеш ояд,

Аз гуноҳу хатои фарзандон.

Мекунад модари вазифашинос,

Ҳастии худ фидои фанзандон.

Модар ӯҳдадори тарбияти фарзанд аст

Аз масъулиятҳои вазнини модар, иқдомоти тарбиятии фарзандон аст, марҳум Муҳаддиси Қуммӣ дар китоби Сафинат-ул-биҳор хоберо нақл мекунад, ки: Шайхи Муфид олими бузургвор, дар олами рӯъё дид, ки ҳазрати Фотима (а) дастҳои Ҳасан ва Ҳусайн (а)-ро гирифта, пеши ӯ овард ва фармуд:

يَا شَيْخ! عَلِّمْ وَلَدَىَّ هَذَيْنِ الْعِلْمَ الْفِقْه

Эй Шайх! Ба ин ду фарзандам илми фиқҳ омӯз.

Субҳи он шаб, Фотима духтари Носир, модари Сайид Муртазо ва Сайид Разӣ дасти фарзандонашро гирифта, ба хидмати Шайхи Муфид овард ва ба Шайх гуфт: «Ба ин ду фарзандам илми фиқҳ омӯз».

Мақомҳои маънавӣ, илмӣ ва рӯҳонии ин ду бузургвор эҷоб мекард, ки то дар олами рӯъё Шайхи Муфид Сайиди Разӣ ва Сайиди Муртазоро ба ҷои Ҳасан ва Ҳусайн (а) барои таълиму тарбият таҳвил гирад, ки ин ду бузургвор аз нобиғаҳои олам ба шумор омаданд.

Падарам! Дар интизори интихоби чунин модари бофазилат аз ҷониби шумо ҳастам, ки ба ростӣ бо интихоби чунин ҳамсари шоиста, ба мани фарзанд низ фазилату бузургворӣ мебахшӣ ва иззати ҳар ду ҷаҳонро насиби ман мегардонӣ.

Гузидае аз шеърҳои Парвини Эътисомӣ

Ҳамеша духтари имрӯз, модари фардост,

Зи модар аст муяссар, бузургии писарон.

Агар Фулотуну Суқрот, будаанд бузург,

Бузург буда парастори хурдии эшон.

Ба гаҳвора модар, ба кӯдаке бас хуфт,

Сипас ба мактаби ҳикмат, ҳаким шуд Луқмон.

Чӣ паҳлавону чӣ солик, чӣ зоҳиду чӣ фақеҳ,

Шуданд яксара шогирди ин дабиристон.

Вазифаи зану мард, эй ҳаким донӣ чист?

Яке аст киштиву, он дигарӣ аст киштибон.

Бузургтарин ва олитарин нақши модар дар тарбияти фарзанд, асолат бахшидан ба фарзанд ва ҳифозату ҳиросат аз ормонҳои динӣ ва посдорӣ аз неъмати бузурги вилоят ва муҳаббати Паёмбар (с) ва Аҳли Байт (а) ва тазкияи нафс аст. Ва чунин модаре метавонад саодату хушбахтии фарзандашро таъмин намояд, аммо модари бетааҳҳуд ва бефазилат барои тарбияти кӯдаконаш ҳеҷ гуна аҳамият намедиҳад ва ранҷи тарбияти ӯро таҳаммул намекунад. Ва маълум аст, ки аз домани чунин модарон, ҷуз фарзандони бефазилату нопок парвариш намеёбад!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.