Рӯза дар беморони қалбӣ

80

Ба тамоми  беморони қалбӣ(дилкасалҳо)) аз ҷумла бемороне, ки дар бахши  хориҷии қалб дучори дард ҳастанд ва ё он гуруҳ аз бемороне, ки рагҳои  қалби онҳо дучори  бемориҳои гуногун аз ҷумла тангӣ аст, тавсияи қатъӣ  мешавад ба ҳев ваҷҳ хурдани  доруҳои худро дар соатҳои  муқаррар тарк накарда ва аз гирифтани  рӯза ҷиддан худдорӣ кунанд.
Маъмулан  доруҳои   ин гуна  беморон аспирини зеризабонии нитрогилитсирин аст, ки бояд бо  фосилаҳои муназзам хурда шавад.
Беморони қалбӣ, ки дар солҳои  гузашта амали ҷароҳӣ бар  руйи қалби худ доштаанд, аммо дар ҳоли ҳозир ҳеҷ гуна  дарди  қалбӣ дар онҳо мушоҳида  намешавад метавонанд рӯза бигиранд?
Ба тамоми  беморони қалбӣ аз ҷумла беморони қалбии, ки  бо дору ба дармони  худ мепардозанд ва ё баъд аз амали ҷарроҳӣ дору истеъмол  мекунанд тавсия мешавад ба далели эҳтимоли  шиддатёбии   бемории қалбӣ ва ё вуҷуди  хатар барои саломатии онҳо ҳатман қабл аз  рӯза гирифтан бо пишизки  худ машварат кунанд.
Табиист бисёре аз пизишкони қалб ба далели эҳтимоли  хатар барои саломатии беморашон ҳеҷ гуна фишори баданӣ аз  ҷумла гуруснагӣ ё ташнагии тулонимуддатро ба беморони худ тавсия нахоҳанд кард.
Беҳтар аст ин гуна  беморон барои бақои умрашон ва кутоҳ шудани муддати  дармони худ доруҳои  худро ба таври  мураттаб ва  саривақт масраф кунанд ва ба тавсияҳои пизишкӣ ва режими  ғизоии худ ба диққат таваҷҷуҳ намоянд.

Оё беморони қалбии модарзодӣ низ, ки ба шакле  дучори дард дар даричаҳои  қалбӣ  ҳастанд наметавонанд рӯза бигиранд?
Ин гуна беморон ба далели вуҷуди сурох дар байни  ду батн ва ё даричаи  қалби худ ва ё тангӣ ва гушодии даричаи шараёни риявӣ дучори маъюбӣ  ҳастанд ва иҷозаи  рӯза гирифтан надоранд.

Беморони аритмии (номуназамӣ) қалб метавонанд рӯза бигиранд ё  не?
Дар ин беморон ба далели тангии  даричаи  митерал(митральный клапан) ва номуназзам шудани тадриҷии  қалб эҳтимоли  лахта шудани хун ва дар натиҷа сактаи мағзӣ бисёр аст. Ин гуна беморон ҳатман бояд таҳти  назари пизишк буда ва режими ғизоии худро комилан ҳифз кунанд, доруҳои худро ба таври  мураттаб масраф карда, корҳои  вазнин анҷом надиҳанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ рӯза нагиранд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.