Ҳикояти марди тоҷир

48

Ҳикояти марди тоҷир

Ҳикояте аз Маснавӣ

Шахсе сӣ сол машғули тиҷорат буд ва сарвати азиме ба даст овард ва замини бисёр бузургеро харид. Сӣ соли дигар заҳмат кашид ва боз ҳам сарвати калоне ба даст оварда ва бо он сарват, кохи бисёр муҷаллале сохт.

Замоне ки мехост ба он кох барои зиндагӣ биравад, маъмурони ҳукуматӣ гуфтанд, ки замини шумо он тарафтар буд ва замини худат холӣ мондааст.

Мавлавӣ мегӯяд: Мо ҳамин таврем, як замин дорем ба номи бадан ва як замини дигар ҳам дорем ба номи руҳ.

Мо фикр мекунем, бадани мо замини мост ва ҳар чи дорем, харҷи ин бадан мекунем ва вақте ки замони маргамон фаро мерасад, ба мо мегӯянд: замини шумо руҳатон буд, вале шумо руҳро раҳо кардед ва фақат баданро обод кардед.

Дар замини мардумон хона макун

Кори худ кун, кори бегона макун

Кист бегона? Тани хокии ту

К-аз барои ӯст ғамнокии ту

То ту танро чарбу ширин медиҳӣ

Ҷавҳари худро набинӣ, фарбеҳӣ

Гар миёни мушк танро ҷо шавад

Рӯзи мурдан ганди ӯ пайдо шавад

Мушкро бар тан мазан, бар дил бимол

Мушк чи бвад? Номи поки Зулҷалол…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.