Қадосати оила

102

Оила, ниҳоде аст, ки бар пояи издивоҷи марду зан шакл мегирад ва бо тавлиди мисл, тавсиа меёбад. Ин ниҳод, асоси зиндагии шахсияти инсон ва муҳимтарин омили такомули ҷомеаи башар аст ва аз ин рў, Ислом, ки барномаи такомули инсон аст, барои таъсис ва таҳкими ин ниҳоди сарнавиштсоз ва пешгирӣ аз фурўпошии он, раҳнамудҳои бисёр муҳиммеро ироа кардааст. Тааммул дар ин раҳнамудҳо ва муқоисаи онҳо бо он чӣ дар дигар мактабҳо дар бораи оила дида мешавад, ба равшанӣ нишон медиҳад, ки ин мактаб, реша дар ваҳй дорад ва мутобиқ бо фитрати инсонӣ аст ва барои сиёнати оила ва пешгирӣ аз фурўпошии он, роҳе ҷуз амал ба раҳнамудҳои ин оини илоҳӣ нест.

Пеш аз ироаи матни раҳнамудҳои Қуръон ва аҳодиси исломӣ, ин нуктаҳо қобили диққат аст:

Қадосати оила

Ниҳоди оила, аз манзари Ислом, дорои ҷойгоҳ ва қадосати вижае аст, ки қобили муқоиса бо ҳеҷ ниҳоди дигаре нест. Дар ҳадисе аз Паёмбари Худо (с) омадааст, ки мефармояд:

Дар Ислом бунёде ниҳода нашудааст, ки дар назди Худо, аз издивоҷ маҳбубтар бошад.

Сухане волотар аз ин, дар баёни қадосати оила наметавон гуфт. Ин сухан, ишора ба он дорад, ки ниҳоди оила, зербино ва асоси ҳамаи ниҳодҳои арҷманд дар Ислом аст.

Ҳикмати қадосате, ки Ислом ба оила бахшидааст, арзишгузории маънавӣ бар пайванди оилавӣ, заминасозӣ барои тақвияти ин пайванд ва пешгирӣ аз фурўпошии он аст.

Қадосати оила, садди маҳкаме дар баробари суиистифодаи ҷинсӣ аз зан ба унвони як коло ё абзори фурўши коло ва дар воқеъ, монеи бардагии навини зан аст.

Тақаддусзудоӣ аз оила

Хатаре, ки дар ҷаҳони имрўз, насли башарро таҳдид мекунад, тақаддусзудоӣ аз конуни оила аст. Сарони истикбору истеъмор, ки қадосати оиларо монеи асосӣ дар баробари тамаъҳо ва хостаҳои номашрўи худ мебинанд, бо ҳамаи тавон, талош мекунанд, ки дар ҷиҳати тақаддусзудоӣ аз оила, фарҳангсозӣ намоянд.

Талош барои ба расмият шинохтани оилаҳои ҳамҷинс, завҷҳои ҳамхона ва оилаи иштирокӣ-комунӣ ва низ заминасозии назарӣ дар ҷиҳати тақаддусзудоӣ аз оила, барномарезӣ барои густариши аксҳо ва филмҳои зидди ахлоқӣ дар ҷомеа ва заминасозии илмӣ-фарҳангии тақаддусзудоӣ аз оила, аслитарин сабабҳои фурўпошии оила ба шумор мераванд.

Аз нимаи қарни 19 мелодӣ ба ин сӯ ва ахиран аз даҳаи 1960, таҳти таъсири бархе дидгоҳҳои ифротӣ, комунҳ (Communtites) ба унвони ҷойгузини оила ба тадриҷ ба саҳна омаданд ва тарафдоронеро аз миёни ҷавонони ғарбӣ ба худ ҷазб карданд. Ин иҷтимооти иштирокӣ (социалистӣ), муштамил бар шуморе аз мардону занон буданд, ки бо якдигар иртиботи ҷинсии муштарак доштанд ва равиши зиндагии онҳо аз дидгоҳи назарияпардозонашон, навъе бозгашт ба табиат ва зинда кардани дубораи комунҳои аввалияи пеш аз таърих, талаққӣ мешуд. Нафйи ҳар гуна султа ва қудрат дар равобити зану мард ва нафйи эҳсоси моликият ва рақобат, аз ангезаҳои аслии мухолифати ин гурўҳҳо бо ниҳоди оила ва гароиши онҳо ба ин улгуи ҷадид буд. Кибутесҳо низ дар Фаластини Ишғолӣ бо ангезаҳои мушобеҳ ва ба унвони ҷойгузине барои оилаи хусусӣ ва модармеҳвар, ки дар ҷомае суннатии яҳуд ривоҷ дошт, падид омаданд.

Аҳамияту эътибори иҷтимоии комунҳо дер давом накард, зеро ин сармашқ дар дастёбӣ ба ҳадафҳои мавриди назар, тавфиқи чандоне касб накард. Дар ду даҳаи ахир, ҳаракати тадриҷие ба самти пазириши ҳанҷорҳо ва вижагиҳои сохтории оилаи суннатӣ дар ин иҷтимооти иштироки мушоҳида мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.