Одоби дӯстӣ

45

Одоби дӯстӣ

Меъёрҳои интихоби дӯсти хубу шоиста

Дӯсти хуб чӣ хусусиёте дорад?

Дӯстамонро чӣ гуна интихоб кунем?

Дар интихоби дӯст кадом меъёрҳоро дар назар бигирем?

Меъёрҳои интихоби дӯсти хубу шоиста:

1 – Имон ва боварҳои динӣ

2 – Ростӣ ва садоқат

3 – Ҳамроҳӣ дар сахтиҳо

***

Имон ва боварҳои динӣ

Дӯсти хубу шоиста касест, ки битавонад инсонро ба рушду такаомул ва саодат бирасонад ва боиси сарбаландии инсон дар дунёву охират бишавад.

Дӯсте, ки ин мушаххасотро дорад, бояд шароите дошта бошад, ки бидуни он шароит ҳаргиз сазовори рафоқату дӯстӣ нест, балки бояд аз дӯрӣ кард.

Инак ба бархе аз ин шароит ишора хоҳем кард:

1 – Имон ва боварҳои динӣ

Аввалин меъёр барои дӯстӣ, боварҳои динӣ ва эътиқод ба умури динӣ ва мазҳабӣ аст. Ҳар кас дар интихоби дӯсту рафиқ, бояд рӯи ин масъала диққат ва ҳассосият дошта бошад ва касеро ба унвони дӯст баргузинад, ки ба тамоми умури эътиқодӣ бовари қавӣ ва мустаҳкам дошта бошад, худобовар ва қиёматбовар бошад ва ба ҳисобу китоб, подошу кайфар, биҳишту дӯзах, бо тамоми вуҷуд имон дошта бошад.

Дӯстӣ ва рафоқат бо ин афрод, инсонро низ дар масоили эътиқодӣ қавию нируманд мекунад, сӯҳбат бо ин ашхос ақидаи мутазалзили инсонро мустаҳкаму устувор месозад.

Дар ривояте омадааст, ки рӯзе саҳобагон аз Расули Акрам(с) савол карданд, ки беҳтарин ҳамнишин чӣ касе аст?

Дар ҷавоб фармуданд: Касе, ки дидани ӯ шуморо ба ёди Худо биандозад ва гуфтор ва сухани ӯ бар илму огоҳии шумо биафзояд кору рафтори ӯ шуморо ба охират тарғиб намояд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.