Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

58

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ

Ҳиммату ҷавонмардӣ

Дар рӯзгорони қадим ду бародар зиндагӣ мекарданд, ки яке хидмати султон мекард ва дигарӣ бо кору талоши худ рӯзгор мегузаронд. Боре он ки дар хидмати султон буду тавонгару сарватманд шуда  буд, бародари фақирро гуфт: Чаро хидмати султон намекунӣ, то аз машаққати кор кардан раҳо шавӣ?

Гуфт: Ту чаро кор намекунӣ, то аз зиллати хидмати султон худро раҳо кунӣ? Зеро ки хирадмандон гуфтаанд: Аз дастранҷи худ нон хӯрдан ва осуда нишастан, беҳтар аст аз камарбанди заррин доштану дар хидмати касе сари по истодан.

Ба даст оҳани тафта кардан хамир

Беҳ аз даст бар сина пеши амир

Умри гаронмоя бар ин сарф шуд

То чӣ хӯрам сайфу чӣ пӯшам шито

Эй шиками хира ба ноне бисоз

То накунӣ пушт ба хидмат дуто.

(Гулистони Саъдӣ, соданависии ҳикояти сию шашӯм)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.