Ҷангу ҷанҷоли падару модар дар ҳузури фарзандон

23

Ҷангу ҷанҷоли падару модар дар ҳузури фарзандон

Ҷангу ҷанҷоли падару модар дар назди фарзандон  – вайронгартарин ва хатарноктарин омили тарбияти фарзанд

Дар чанд навиштаи ахир, дар паи ин будем, ки ба мавзӯоте бипардозем, ки рӯи тарбяти фарзандамон осори манфӣ мегузоранд.

Инак яке аз муҳимтарин мавзӯот, ҷангу ҷанҷоли падару модар дар ҳузури фарзанди хурдсол аст, ки таъсири манфӣ ва вайронгаре рӯи тарбият ва руҳияи фарзанд мегузорад ва то охири умри инсон аз ёдаш намеравад ва таъсири манфии он ҳамеша бо инсон, дар ҳамаи синну сол, ҳамроҳ хоҳад буд.

Агар дар шаҳр қадам занед, тақрибан аз ҳар се хона, даруни як хона ҷангу даъвои зану шавҳар ба роҳ аст.

Дар чунин фазое кӯдакон рушд мекунанд, ё фақат қад мекашанд?

Кӯдаке, ки ҳамеша аз пушти дар, дар ҳоли шунидан ва тамошои ҷанҷолу хушунати валидайн аст, агар писар бошад, аз ҳамон кӯдакӣ бо худ меандешад, ки ҳаргиз модар ва занро набояд озор дод ва ба гиря андохт ва ин қонунро бо худ, ба хонаи худ мебарад ва ин қадар бетафовут зиндагӣ мекунад ва ҳарчӣ ҳамсараш гӯяд, бечунун чаро гӯш медиҳад, ки кам-кам эҳсоси нишоту сарзиндагии як зиндагии дунафараро аз ӯ мегирад. Албатта бо зан меҳрубон будан, масъалаи дигаре аст ва ин ҷо масъала дигар аст.

Ё аз ҳамон кӯдакӣ бо худ меандешад, ки бояд занонро таҳқир намуд ва баръакс эҳсос мекунад, ки занон набояд қудрат дошта бошанд.

Агар духтар бошад, бо худ улгуи танаффур ва нафрат аз мардонро мебарад.

Ё агар эҳсос кунад, ки модар гунаҳкор аст, улгуи нафрат аз модарро бо худ ба хонаи шавҳар мебарад, ки дар ҳамаи ин ҳолатҳо, таъсири манфии ин мавзӯъ дар зиндагии онҳо мушаххас хоҳад буд.

Баҳс дар ин боора муфассал аст, аммо то ин ҷо ҳарчӣ гуфтем, ба таъсири ҷанҷолҳои падару модар дар хонавода, дар ҳузури фарзандон буд, ки дар ояндаи кӯдакони шумо таъсиргузор хоҳад буд, аммо оё медонед, ки ин мавзӯъ ҳоло, дар ин айём, ки онҳо ҳанӯз кӯдак ҳастанд, чӣ таъсироти манфӣ ва вайронгаре дар руҳи латифи онҳо дорад?

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.