Чаро занон нисбат ба мардон зиёдтар эҳсоси хунукӣ мекунанд

250

Ҳамеша ин бовар вуҷуд доштааст, ки занон нисбат ба мардон зиёдтар хунук мехӯранд. Оё дар ҳақиқат дуруст аст?

Олимон тасмим гирифтаанд , ки дар бораи ин масъала таҳқиқ кунанд. Далелҳои нав пайдо шудааст, аммо ҳамааш яксон нестанд. Аммо маълум  шуд, ки қисмати зиёде аз занҳо бештар аз мардҳо хунук мехӯранд. Як пажӯҳиши Ҳолландӣ нишон додааст, ки занон дар хунукӣ камтар таҳаммул мекунанд. Ин таҳқиқ мегӯяд; ҳарорате,  ки  дар он занон маъмулан худро роҳат ҳис мекунанд аз   ҳарорате, ки мардон худро роҳат ҳис мекунанд, се дараҷа баландтар аст.

Омилҳои таъсиркунандаи метаболикӣ(сухту сози бадан)

Ҳангоме, ки истироҳат мекунед, суръати метаболикии баданатон дар камтарин дараҷаи худ аст. Яъне ҳангоми истироҳат масрафи энергияатон кам мешавад. Ба таври миёна, суръати мубодилаи моддаҳо дар занон нисбати мардон сусттар аст.

Ҳам суръати метаболикӣ ва  ҳам истеҳсоли энергия дар  байни мардон ва занон фарқ мекунад. Занҳо дар ҳарорати гуногун нисбати мардон ҳисси роҳат доранд; зеро занҳо миқдор ва андозаи мушакҳояшон камтар аст.

Сабаби дигари хунук хурии занон ин аст, ки дар вақти поён будани ҳарорат, бадани занҳо гармиро бештар дар узвҳои марказӣ ҷамъ мекунад, бинобар ин хуни камтаре ба самти дасту пойҳо меравад, ва хунукии зиёдтар дар ин қисматҳо эҳсос мешавад.

Андозаи бадан

Баъзан занҳо нисбат ба мардон ҷисми хурдтар доранд ва массаи мушакҳои кам доранд. Ин сабаб мешавад, то занон ба хунукӣ ҳасос бошанд. Ҳарорати бадан дар ҳар ду ҷинс метавонад яксон бошад, аммо андозаи бадан ба аксуламали тағйирёбии ҳарорат таъсир мерасонад. Мардҳо умуман бадани бузургтаре доранд ва қадду вазнашон нисбати занҳо зиёдтар аст. Бинобар ин гармӣ дар бадани мардон ба хотири андозаи баданашон зудтар метавонад пахш шавад, ин аст ки мардҳо ҳарорати бадани худро зудтар контрол ва танзим мекунанд, дар ҳоле ки занҳо барои танзими ҳарорати бадани худ вақти бештаре ниёз доранд.

Ҳар чи массаи мушакҳо зиёдтар бошад, гармии бештаре истеҳсол мегардад. Аз ин сабаб занҳо нисбати мардон зиёдтар ҳисси хунукӣ мекунанд ва дар тобистон, мардон нисбати гармӣ ҳасос ҳастанд.

Давраи ҳайз

Ҳарорати бадани занҳо дар тӯли давраи ҳайз тағйир мекунад. Сабабаш ҳам ба хотири уфту хези сатҳи гармонҳост. Дар рӯзҳои пеш аз ҳайз, сатҳи оҳан паст мешавад ва шумораи ҳуҷайраҳои сурхи хун кам мешавад. Аз ин сабаб ҳарорати бадан низ кам мешавад. Сатҳи оҳан омили дигарест; онҳо имкон медиҳанд, ки бадан дуруст кор кунад.

Чӣ гуна камтар эҳсоси хунукӣ кунем?

  • Анҷоми фаъолияти баданӣ. Мо медонем, ки суръати сухту сози бадан дар асари фаъолияти бадан афзоиш меёбад, гармӣ дар бадан истеҳсол мешавад.  Бинобар ин тавсия мекунем варзиш кунед ё фаъолияти бадании дигаре анҷом диҳед.
  • Хӯрокҳои гарму калорянок гиред. Як тавсияи дигар, ки бихӯред, то эҳсоси сармо накунед; зеро аз энергия истифода карда ва барои ҳазми ғизо гарми истеҳсол мекунад. Ғизоҳои пур калориятар, зудтар аз дигар хӯрокҳо гармӣ медиҳанд.

Барои пешгири аз эҳсоси сардӣ вақте, ки бо дигарон ё дар миёни ҷамъе ҳастед, беҳтар аст, корҳое кунед, то хунук нахӯред:

  • Либоси гармтаре пӯшед ё якчанд қабат либос пӯшед.
  • Моеъҳои зиёд нӯшед. Метавонед чой нӯшед, аммо нӯшидани об дар ҳарорати хонагӣ низ  лозим аст.
  • Хӯрок хӯред. Тавсия мекунем дар рӯз чанд ваъда ғизо хӯред, то баданатон дар ҳолати пайваста энергия истеҳсол кунад. Карбогидратҳо бояд дар ҳама хӯрокҳои шумо мавҷуд бошад.
  • Ба таври муназзам варзиш кунед. Як бозии варзишӣ анҷом диҳед ё се бор дар ҳафта қадам занед, то массаи мушакҳои худро зиёд кунед.
  • Ба муддати зиёд ба як ҳолат наистед ва ҳар чанд дақиқа ҳолати хурдо иваз кунед.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.