Духтар – раҳмати Худованд

42

Духтар – раҳмати Худованд

Фазилатҳои доштани фарзанди духтар дар ривоёт

Ҳазрати Муҳаммад(с) дар мавриди фарзанди духтар фармуданд:

“Раҳмати Худо бар падаре, ки дорои духтарон аст. Духтарон бобаракату дӯстдоштанӣ ва маҳбуб ҳастанд ва писарон муждаоваранд. Духтарон боқиётус-солеҳот (бозмондагони шоиста)-анд”.

Духтар раҳмати Худованд аст

Аз Имом Содиқ(а) ривоят шудааст:

“Духтарон ҳасанотанд ва писарон неъмат. Ҳасанот муҷиби савобу аҷру подошанд, вале неъмат, муҷиби бозхосту суол мешавад”.

Расули Худо(с) фармуданд:

“Ҳар кас як духтар дорад, барои ӯ беҳтар аз ҳазор ҳаҷ ва ҳазор ҷиҳод ва ҳазор шутур ва ё гов, ки ҳадяи Макка кунад ва ҳазор меҳмонӣ додан аст”.

Дар ривояте дигаре аз Расули Худо(с) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Ҳар хонае, ки дар он духтар бошад, ҳар рӯз дувоздаҳ баракат ва раҳмат аз осмон арзониаш мешавад ва зиёрати фариштагон аз хона қатъ намешавад”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.