Меъёри ҷамол ва дилписандӣ дар интихоби ҳамсар

183

Дар баҳси интихоби ҳамсар ҳарчанд шарти аслӣ дар издивоҷ, дину имон ва ахлоқи инсон аст; аммо наметавон зоҳири одамонро нодида гирифт. Зеро зебоӣ ва писанд омадан як чизи табиист ва ин масъала дар матнҳои динӣ баррасӣ шудааст. Расули акрам (с) фармудаанд: Беҳтарин занони уммати ман касоне ҳастанд, ки чеҳраи зебо доранд, вале муҳаббати андак доранд.

Амири мӯъминон (кр) фармудаанд: “Ҳар замоне, ки касе аз шумо мехоҳад бо зане издивоҷ кунад, дар бораи мӯяш пурсад; ҳамон гунае, ки дар бораи чеҳрааш савол мекунад; чаро, ки мӯй яке аз ду зебоист”.

Имом Ҳусайн фармудаанд: “Се чиз чашмро равшан мекунад: Нигоҳ ба сабза, нигоҳ ба об, нигоҳ ба  чеҳраи зебо”.

Бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти “зоҳир” дар интихоби ҳамсар дар китобҳои фиқҳӣ омадааст: Касе, ки хостгорӣ меравад; метавонад он занро бо шароите бубинад ё аз хусусиятҳои бадан ва мӯйи ӯ пурсад.

Дар баъзе аз ривоятҳо “зебоӣ” дар канори “диндорӣ” омадааст ва гуфта  шудааст, ки аз нишонаҳои марди хушбахт доштани зани зебову диндор аст.

Дар Қуръони карим, вақте занони биҳиштиро васф мекунанд, пеш аз “зебоӣ” “иффат”-и онҳо зикр шудааст.

Аввал фармуда: Дар он ҷо [ҳамсарони] чашмфурӯдоранда ҳастанд, ки пеш аз онон [дасти] ҳеҷ инс ва ҷине ба онҳо нарасидааст. (Сураи Арраҳмон, ояти 56) ва дар идома мефармояд: “Гӯё ки онҳо ёқут ва марҷонанд” (Сураи Арраҳмон, ояти 58)

Мутаассифона баъзеҳо бо дидани зоҳири фард, ошиқи чашму қош мешаванд ва нигоҳашон дар интихоби ҳамсар киллоӣ ва метрӣ аст. Ҳамаи таваҷҷӯҳашон ба қадду қомат, ранги чашм ва андом аст; дар ҳоле, ки дар канори масъалаҳои зоҳирӣ бояд ба вижагиҳои шахсиятӣ ва исолати хонаводагӣ ва арзишҳои асил такя ва таваҷҷуҳ кард.

Бархе одамҳо низ бо як нигоҳу лабханд ва бо як эҳтиром ҳавои шуда ба ҳам дил мебанданд; дар ҳоле, ки интихобашон аз рӯи эҳсосоте, ки дар роҳу меҳмони эҷод шудааст оқибати хуше надорад; ошноии кӯчагӣ, ки бо як салому табассум, додани пули ғизо ё харидани яхмос дар синамо ё парк, нома ё паёмак фиристӣ ва… ба вуҷуд меояд, умуман эҳсосоти зудгузар буда ва дар ин интихобҳо “ақл” нақше надорад ва ба гуфтаи мардум “ошиқона”  вале дурусташ “ғофилона” аст. Оё интихоби шарик барои як умр зиндагӣ ва интихоби модари бачаҳоятон, ниёзманди диққат нест, ва бояд ба як нигоҳу гап дил баст?

Умуман саранҷоми ин гуна интихобҳо, ба додгоҳ мерасад; додгоҳе,  ки дар он инсон нигарад,  ки чӣ тавр ишқҳои оташину эҳсосӣ ба танаффур кашида шудааст ва ҳамсарон ба ин натиҷа мерасанд, ки эй кош ба гапи калонтарҳо гӯш мекарданд ва ба ҷойи дил додан ба ишқи дурӯғин ба ақли худ дил месупориданд ва ба ҷойи интихоби ошиқонаву эҳсосӣ бо интихоби оқилона ҳамдигарро қабул мекарданд.

Ишқҳое к-аз пайи ранги буд        Ишқ набуд оқибати нанги буд

Чанд тазаккур дар хусусӣ ҷамолу зебоӣ

  1. Ҳарчанд зебоӣ як чизи табиӣ ва бартарият аст; аммо асл нест. Бояд эҳтиёт кунем, то дину ахлоқро фадои зебоӣ накунем. Гоҳе касе як айби ҷузъи дар ҷисм дорад; аммо инқадр камол дорад, ки он айби кӯчак дар баробари он камолот чизи нест. Баъзе одамон ба назди Паёмбари акрам (с) омадаанд ва аз Билол шикоят карданд, ки калимаи “шин”-ро хуб талаффуз карда наметавонад ва дар азон ба ҷойи “ашҳад” “асҳаш” мегӯяд. Иҷозат диҳед, ки ягон каси дигар азон гӯяд. Паёмбари Худо(с) дар посух фармудаанд: “Сини Билол дар наздӣ Худо “шин” аст.”
  2. Ҳастанд касоне, ки зоҳири зебо надоранд, аммо ба дил форам ҳастанд, ки  одамон ба онҳо майл пайдо мекунанд; зебоӣ ва зиштӣ як амри нисбӣ аст. Шояд одамоне, ки барои шумо безеб ҳастанд, аммо дар назари дигарон зебоянд.

Агар аз дидаи Маҷнун бубинӣ

Ба ғайр аз хубии Лайли набинӣ

Қуръони карим дар интихоби ҳамсар, ба дил писанд омаданро меъёр қарор додааст. ( Сураи Нисо, ояти 3)

  1. Зебоӣ, танҳо зебогии ҷисмонӣ нест. Қуръони карим ва ривоятҳо ба зебоиҳои ботинӣ(дарунӣ) ва маънавӣ ишора кардаанд. Мисли зебогии имон: “Худо имонро барои шумо маҳбуб гардонид ва онро дар дилҳои шумо зинат дод (Сураи Ҳуҷурот, ояти 7)

Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ (кр)мефармояд: “Ҳеҷ ҷамоле, зиннатбахштар аз ақл нест”.

“Зиннати мард, ақли ӯст”. “Ҷамоли мӯъмин, вараъ (ва парҳезгории) ӯст”. “ Ҷамоли банда, тоатӣ ӯст”.

  1. Ҳар инсоне айбе дорад. Ҳазрати Алӣ (рз) мефармоянд: “Дар канори ҳар камоле камбудӣ ва дар ҳар камбудие, камоле ҳаст. Баъзеҳо қомати баланд доранд вале ҳимматашон кӯтоҳ аст. Баъзеҳо чеҳраи зишт доранд, аммо кирдорашон зебою хуб аст ва баъзеҳо баёни равон доранд, вале дилашон чун санг, сахт аст”.

Оре! Дар канори гул хор ва дар канори асал, неши занбӯр аст. Ончуноне, ки амири мӯъминон (кр) фармудаанд: “Тараққиёт ва пешравиро бо сахтиҳову тангдастиҳо баробар кард”.

Дар бораи таносуби синнӣ Қуръон карим борҳо дар бораи ҳамсарони биҳиштӣ ва вижагиҳои онҳо сухан гуфтааст, аз ҷумла вижагиҳои занони биҳиштӣ , «اتراب»   будан аст: “Занони ҳам синну сол ва шавҳар дӯст”. (Сураи Воқиа, ояти 37) Муфассирон  эҳтимол додаанд, ки «اتراب » муродаш аз ҳам монандӣ, ҳам синну сол буданашон бо ҳамсарҳояшон бошад.

Албатта таносуби синнӣ амри ҳатми нест, ҳастанд духтар ва писаре, ки камолот доранд, ки ба синну солашон таъсир надорад ва набояд ба синну сол таваҷҷӯҳ шавад. Достони издивоҷи ҳазрати Хадиҷа (рз) бо Паёмбари гиромӣ(с), достони рӯзегорест, ки дар меҳвари камол ташаккул ёфта, бар пояи ишқи илоҳӣ ва дорои самараҳову баракатҳои зиёд буд. Ҳарчанд аз рӯи синну соли маъруфи ҳазрати Хадиҷа (рз), ки аз Паёмбари Худо (с) чандин сол бузугтар буданд. Ва баръакс, ҳазрати Алӣ (рз) дар замони издивоҷ 23 сол дошт ва ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) тақрибан 10 сола буданд. Аз ин рӯ, дар шароити муқаррарӣ, фарқияти синну сол байни духтару писар набояд калон бошад, агар чизи муҳимтаре вуҷуд надошта бошад.

Ҳамкуф

“Ҳамкуф”  ба маънои монанди аст. Дар баҳси издивоҷ тавсия мешавад, ки ҳамсареро интихоб кунед, ки “ҳамкуф”-и шумо бошад. Манзур аз ҳамкуф будани ҳамсарон, шабоҳати дин, тақво, ахлоқ ва ҳамфикрӣ аст ва бояд ҳарду аз ҷиҳати дину фикрашон мисли ҳам бошанд ва агар  андешаҳо мисли ҳам бошад, зиндагӣ ширин мешавад. Зеро таносуб дар андеша ва эътиқод ҳарфи аввал ва охир дар ҳамкуф будан аст.

Дар Қуръони карим омадааст: “Дар ҳақиқат, наздиктарин мардум ба Иброҳим касоне ҳастанд, ки ӯро пайравӣ карданд ва [низ] ин Паёмбар ва касоне, ки имон овардаанд; ва Худо сарпарасти мӯъминон аст”. (Сураи Оли Имрон, ояти 68)
Аз ин оят маълум мешавад, ки нисбати имонӣ фаротар ва мустаҳкамтар  аз нисбати хешовандӣ аст ва  касоне, ки ҳам фикр ва ҳам ҳадаф бошанд, ба ҳамдигар  наздиктар аз касоне ҳастанд, ки дар зоҳир хешованданд, вале аз рӯи фикрӣ ва эътиқодӣ аз ҳамдигар ҷудоянд.

Имоми Ҳусайн (рз) ба яке аз ёрони бовафояш фармуданд: “Ба Худо савганд, ки шумо аз оли Муҳаммад (с) ҳастед”.  Дар бораи Салмон низ Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Салмон аз мо аҳли байт аст”.  Аммо дар бораи писари Нуҳ (а) Қуръони карим мефармояд: “ Фармуд: Эй Нӯҳ! Қатъан ӯ аз хонадони ту нест, дар ҳақиқат, ӯ кирдори ношоист аст; пас, чизеро, ки ту ба он илм надорӣ аз [Ман] махоҳ; ҳамоно Ман ба ту панд медиҳам, ки [мабодо] аз нодонон бошӣ!” (Сураи Ҳуд, ояти 46) зеро ӯ аз роҳи падар баромада ва ба кофирон пайвастааст.

Да издивоҷ низ, ҳам дар оғоз имон шарт аст ва ҳам дар идомаи зиндагӣ, агар яке аз онҳо кофир шуд, Қуръони карим дастур медиҳад, ки  ҳамсарони кофирро ба ҳамсари нигоҳ надоред; чаро, ки куфр, калидӣ ҷудоист.                                 Ва кофир, ҳамкуфи мӯъмин нест: “Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳангоме ки занони мӯъмин дар ҳоли ҳиҷрат назди шумо оянд, пас, онҳоро имтиҳон кунед; Худо ба имонашон донотар аст; ва агар онҳоро мӯъмин донистед, пас, онҳоро ба сӯи кофирон бознагардонед; на он [зан]-ҳо барои он [кофир]-он ҳалоланд ва на он [кофир]-он барои он [зан]-ҳо ҳалол мебошанд” (Сураи Мумтаҳанаҳ, ояти 10). Амири мӯъминон ҳазрати Алӣ(кр) фармудаанд: “Мӯъминон,  ҳамкуфи якдигар ҳастанд”.  Фарде ба амири мӯъминон дар хусуси издивоҷи духтараш нома навишт ва гуфт, ки касе мисли худам пайдо намекунам. Амири мӯъминон ба он фард навишт, он чи дар хусуси духтаронат навиштӣ ва ин ки  касе монанд ва ҳамшаъни худ намеёбӣ, ингуна нигоҳ накун. Расули Худо(с) фармудаанд: “Вақте ахлоқ ва дини касеро меписанданд, ба хостгорӣ омад; пас ба ӯ зан диҳед ва агар ин корро накунед, фитна ва фисоди бузург дар рӯи замин мешавад”.

Ҳамчунин, вақте шахсе хидмати  имом Ҳасан(рз) омад, то дар бораи издивоҷи духтараш кӯмак гирад; ҳазрат фармуданд: “Ӯро ба як марди бо тақво деҳ; чун агар ҳамсарашро дӯст дошта бошад, ӯро гиромӣ медорад (эҳтиромаш мекунад) ва агар ӯро дӯст надошта бошад, ба ӯ зулм намекунад”.

Бар асоси гуфтаҳоямон чизи асли дар ҳамкуф будан, имон ва ахлоқи ҳар ду тараф аст ва баъд чизҳои дигар. Аммо мутаассифона имрӯза ҳамкуф будан дар умури иқтисодӣ,  фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто таҳсилӣ ҷо шудааст ва ба имону ахлоқ таваҷҷӯҳ намешавад ва ё дар сатҳи поёнии интихоб қарор дорад. Дар ҳоле, ки дар суннатӣ Паёмбари акрам (с) ва бузургони дин инчунин набуда ва бо он мубориза мекарданд.

Ҳазрати Алӣ (кр) мефармоянд: “Расули Худо (с) Миқдод ибни Асвадро ба издивоҷи Боъе, духтари Зубайр ибни Абдулмуталлиб даровард ва ин издивоҷ барои он сурат гирифт, то издивоҷҳоро содда ва сабук кунад ва мардум ба Паёмбари гиромӣ(с) бояд эҳтиром гузоранд ва бидонанд, ки азизтарини онҳо назди Худо парҳезгортаринонанд”.

Бар асоси китобҳои таърихӣ,  Миқдод духтари яке аз бузургони Қурайшро хостгорӣ кард, аммо ӯро рад карданд; ба ҳамин хотир Паёмбари акрам (с) бо ин кор хати ботил ба ин фикрҳо кашид.

Дар таърих намунаҳое дорем,  ки Паёмбари акрам (с) ҷавонони фақирро ба хостгорӣ ба хонаҳои одамони сарватманд мефристоданд ва мегуфтанд: Ӯ ҷавони хубест ва  онҳо ҳам қабул мекарданд  ба унвони намуна, ба достони “Ҷувайбир” ишора мекунем: Ҷувайбир мусалмони қад кӯтоҳу сиёҳ ва фақир аз асҳоби саффа буд. Рӯзе Расули гиромӣ(с) ба ӯ гуфт: “Кош издивоҷ мекардӣ, то доманатро ба он ҳифз мекардӣ ва ҳамсарат туро  бар амри дунё ва охират ёри мекард”. Ҷувайбир гуфт: “ Падар ва модарам ба фадоят чи касе ба ман рағбат мекунад; ба Худо на ҳасбу насабе дорам на молу ҷамоле; кадом зан ба ман рағбат мекунад”? Расули Худо (с) фармудаанд: “Эй  Ҷувайбир! Худо бо Ислом касонеро, ки дар ҷоҳилият шариф буданд, фурудаст кард ва  бо Ислом, касонеро, ки дар ҷоҳилият афтода буданд,  шариф кард ва бо Ислом касоне, ки залил буданд, иззат бахшид ва бо Ислом   такаббуру ҷаҳолат ва ғурури қабила ва хонаводагӣ ва бузурги насабиро аз байн бурд; ба ҳамин сабаб имрӯз тамоми мардум, чӣ сафеду сиёҳ ва чи қурайшӣ ва арабиву аҷамӣ ҳама аз одаманд ва Худо одамро аз хок офарид ва маҳбубтарин мардум назди Худо дар рӯзи қиёмат фармонбардортарини онон аз Худованд ва бо тақвотарини ононанд ва эй Ҷувайбир! Ман намедонад, ки  шахсе аз мусулмонон, дар он рӯз фазилате бар ту дошта бошад; магар ин ки касе фармонбардортар ва бо тақвотар аз ту бошад”.

Сипас Паёмбар акрам (с) ба ӯ фармуд ба хонаи Зиёд ибни Лубайд,  ки аз бузургони Мадина буд биравад ва аз духтараш хосторӣ кунад. Зиёд ибни Лубайд вақте, ки дархости Ҷувайбирро шунид, гуфт ки мо фарзандони худро ба издивоҷи ҳамкуфҳои худашон аз тоифаи Ансор дар меоварем. Ту баргард ва ман бо Паёмбари Худо (с) мулоқот мекунам ва узри худро ба ишон мегӯям. Вақте Зиёд ибни Лубайд назди Расули Худо (с) омад ва ба паёмбар онро нақл карда гуфт, ки ҳамкуфи мо фақат Ансоранд, Расули Худо (с) фармудаанд: “Эй Зиёд! Ҷувайбир мӯъмин аст ва мӯъмин ҳамкуфи мӯъмин аст ва марди мусулмон ҳамкуфи зани мусалмон аст; ба ҳамин хотир эй Зиёд! Ҷувайбирро ба издивоҷи духтарат даровар ва аз ӯ рӯй нагардон”! Зиёд назди духтараш омад ва воқеъаро барояш нақл кард, духтараш гуфт: “Агар нофармонии Паёмрарро куни кофир мешавӣ”. Зиёд ӯро ба издивоҷи духтараш даровард ва василаи маишативу хона барои онҳо фароҳам кард.

Ҳарчанд шахси мӯъмин ба хонаи фарди сирватманд вале бебаҳра аз дин намеравад. Дар ин хусус ин ҳикояти таърихи хондани аст.

Бадиҳои доштани робита пеш аз издивоҷ

Бархе афрод ба баҳонаи ошноии беҳтар, ба иртиботи пеш аз издивоҷ рӯ меоваранд. Қуръони карим  иртиботҳои пинҳонву дӯсти бо ҷинси дигарро маън кардааст; мардон ҳаққи иртиботи номашрӯъро надоранд: « ولا يرى أخدان» (Сураи Моида,  ояти 5) ва на занон ҳақ доранд дӯсти пинҳонӣ ва номашрӯъ дошта бошанд: (Сураи Нисо, ояти 25) «اخدان» ҷамъи «خدن» ба маънои дӯст аст; вале маъмулан дар мавриди дӯстиҳои пинҳонӣ ва ғайри шаръи ба кор меравад.

Баъзе духтарон, бо қасди издивоҷ,  ба дӯстиҳои пинҳонӣ тан медиҳанд, аммо писарон маъмулан ва баъзан ба қасди хушгузаронӣ ва тафриҳ ба робита бо духтарон рӯй меоранд ва умуман духтарон дар ин робита осеби равонӣ ва иҷтимоӣ мешаванд.

Вақте духтар ва писаре бо афроди гуногун иртибот дошта бошанд; аз онҷое, ки маълум аст хеле дар издивоҷашон муваффақ нестанд; чун агар яке онҳо қаҳр кунад, ба худ мегӯяд,  ки ман пеш аз ту бо касе ё касоне будам ва далиле намебинам, ки то охири умр бо ту бошам; ин гапро ба он шахс чӣ бигӯяд чӣ нагӯяд.

Илова бар ин ки агар шахсе робитаи номашрӯъро таҷриба кардааст ва гирифтори гуноҳ шудааст, дигар наметавонад чашму дилашро контрол кунад. Ба ҳамин хотир ба конуни хонавода латма мезанад. Далели ин сухан талоқи афроди зиёде ҳаст, ки муддатҳо қабл аз издивоҷ бо ҳам буданд; вале ин робитаҳо натанҳо хонаводаро мустаҳкам намекунад, балки сабаби ларзиш ва вайрон шудани он мешавад.

Истихора дар интихоби ҳамсар

“Истихора” ба маънои “Талаби хайр кардан” аз Худованди карим аст. Дар ҳолате, ки  инсон дар коре ҳайрон бошад, барои бартарафии он метавонад истихора бигирад.

Дар интихоб ҳамсар, истихора баъди марҳалаи таҳқиқ ва мушовира аст; яъне агар пас аз мушовирату таҳқиқ, ҳайрониятон бартараф нашудааст, метавонад истихора кунад.

Албатта, мафҳуми истихора маънии баёни ҳар чизе, ки ба манфиати моддии инсон аст нест, балки истихора инсонро аз бунбаст берун меорад. Хуб будани истихора ба маънои воҷиб будани анҷоми он кор нест ва агар истихора бад омад, мухолифат бо он ҳаром нест.

Бокира будан

Майли инсон ба покӣ ва зебогии ҳамсар хостаи асил аст, на хостаи зуракие, ки  фарҳангу муҳити зист онро ба вуҷуд оварда бошад. Ҳамин тавр Қуръони карим дар тавсифи занони биҳиштӣ  мефармояд: “Ҳеҷ ҷин ва инсоне онҳоро ламс накардааст”. ( Сураи Арраҳмон,  ояти 56)  барои ҳамин дар ривоятҳо тавсия шудааст,  ки бо духтари бокира издивоҷ кунед.

Албатта, имон ва покии зан, муҳимтар аз бокирагии ӯ ҳаст; ҳамонгунае, ки дар ояти дигар бар калимаҳои инсонӣ ва ахлоқию имони ҳамсар таъкид кардааст ва дар поён мефармояд: чӣ бокира ва чӣ шавҳар карда.

Дар баъзе мавридҳо издивоҷ бо ғайри бокира беҳтар аст.  Монанди издивоҷи Ҷобир,  ки вақте Паёмбари Худо (с) аз ӯ пусид издивоҷ кардаӣ? Гуфт: Бале. Пурсид бо чи касе? Гуфт: Бо фалоние, ки бевазан ҳаст. Зеро падарам дар ҷанг шаҳид шудааст ва дар хона духтароне дорад, агар ман ҳам духтаре ҳам синну соли онҳоро мегирифтам, мушкилиҳое дар хона пеш меомад. Аммо ин  зан ба хотири роҳбариаш ба ман бештар мувофиқ аст. Паёмбари Худо (с) низ ӯро тасдиқ карданд.

Бевазанҳо низ мӯҳтарам ҳастанд ва издивоҷ бо онҳо аз даст додани шаъну шараф нест; онгуна, ки аксари занони Паёмбари гиромӣ (с) бевазан буданд. Яке аз онҳо духтари аммаи Паёмбар(с) буд, ки дар Қуръони карим омадааст: Пас чун Зайд аз ҳамсараш ҷудо шуд, мо ӯро ба ҳамсарии ту даровардем…”(Сураи Аҳзоб, ояти 37)

Зан ва мард либоси якдигаранд

Яке аз ибораҳои калидӣ дар бораи марду зан ин ташбеҳи зебоест, ки дар Қуръони карим омадааст ва Худованди мутаол зану шавҳарро либоси ҳамдигар дониста ва фармудааст: “Онҳо барои шумо ҳамчун либосанд ва шумо барои онҳо ҳамчун либос”. (Сураи Бақара, ояти 187) Ин иборати кӯтоҳ, нуктаҳои латифу зебое дорад, ки ба он мепардозем.

Либос бояд аз рӯи тарҳ, ҷинсу рангаш муносиби инсон бошад. Ҳамсар низ бояд ҳамкуфи инсон мутаносиб ба фикру фарҳанг ва шахсияташ  бошад. Ҳамон гунае, ки ранг,  ҷинс ва духти либос нишонаи салиқаи шумост, интихоби ҳамсар низ баёнгари шахсияти шумо аст.

*Либос сабаби зиннати инсон аст, ҳамсар ҳам бояд ингуна бошад.

* Либос айбҳои инсонро мепӯшонад, ҳар як марду зан бояд айбҳои ҳамдигарро бипӯшонанд. Агар аз ҳамсаратон чизе дидед набояд ба ҳамсоя ё хешон онро гуфт.

*Либос инсонро аз сардию гармӣ ҳифз мекунад, вуҷуди ҳамсар низ конуни хонаводаро гарм ва сардиро аз зиндагӣ берун мекунад.

*Надоштани либос сабаби расвоист; надоштани ҳамсар ҳам гоҳе одамро ба расвои мекашонад.

* Дар ҳавои хунук, либоси ғафс ва дар ҳавои гарм аз либоси тунук истифода мешавад. Ҳар яке аз ҳамсарон бояд ахлоқу рафторашонро муносиби шароити рӯҳии ҳамсари худ кунанд; агар асабӣ ҳаст, зан ба нарми бо ӯ рафтор кунад, агар зан ҳам дар шароите қарор дорад, мард ӯро дарк карда, мудоро кунад.

* Инсон бояд либосашро аз олудагӣ ҳифз намояд. Ҳамсарон ҳамдигарро аз олуда шудан ба гуноҳ ҳифз кунанд.

*Осеб ба либос, паст задани худи инсон аст; агар шахсе либоси шуморо пора кард, ба шумо таҳқир кардааст. Ҳар касе ҳамсари шуморо таҳқир мекунад, дар ҳақиқат шуморо таҳқир кардааст.

*Либоси қимат ҳамеша беҳтарин нест. Ҳамонгуна, ки  як ғизои қимат ҳам нишонаи қавитар будани он нест. Духтарон ва писароне, ки падарашон сармоядор аст ё таҳсилоти олӣ дорад ё дар иҷтимоъ мақом дорад; маълум нест, ки ҳатман ҳамсари хубе ҳаст. Зиёд ҳастанд духтар ва писаре, ки дар оилаи сода калон шудаанд, вале камолотеро доро ҳастанд,  ки дигарон онро надоранд.

*Гоҳе либос хуб аст, вале андозаи фард нест. Шояд духтар ва писар ҳар ду хуб бошанд, вале ҳамкуфи ҳам нестанд.

*Либос маҳдудият меоварад, вале масуният (амният)-овар  ҳаст. Издивоҷ ҳам маҳдудият дорад, вале ин маҳдудият арзиш дорад, чун амният меоварад.

*Либоси зебо, нишонаи оростагӣ ва шодобӣ аст. Зан ва шавҳари ороста низ дар хона шодиовар аст.

*Либосҳои номуносиб одамони фоҳишаро ба худ ҷалб мекунад, занон бо пушидани чунин либосҳо назари мардони чамшчаронро ба худ ҷалб мекунанд.

*Одамони бузург худ либос ба тан мекунанд, вале ба кӯдакон бузугтаронашон либос мепӯшонанд. Баъзеҳоро низ бояд барои издивоҷ кардан розӣ кард.

*Гоҳе зоҳири либос зебост, аммо ботини он зераш аст ва баданро азоб медиҳад.  Баъзе ҳамсарҳо беруни хона хуш рафтор ҳастанд, вале дар хона бад рафтор мешаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.