Ташвиқи навҷавон ба китобхонӣ ва мутолиа

106

Ташвиқи навҷавон ба китобхонӣ ва мутолиа

Навҷавонамонро чӣ гуна ба китобхонӣ ва мутолиа ташвиқ кунем?

Кадом китобҳоро ба навҷавон муаррифӣ кунем?

Кадом адабиётҳо барои навҷавон муносиб аст?

Навҷавон кист?

Бар асоси як тақсимбандии умумӣ, ба афроди дорои синни 12 то 17 сола навҷавон гуфта мешавад.

Мавзӯоте, ки навҷавони 12 то 17 сола ба хондани онҳо алоқа нишон медиҳад, ба шарҳи зер аст:

Мавзӯоте, ки онҳоро механдонад.

Мавзӯоте, ки боиси барангехта кардани ҳисси тахайюл ва хаёлпардозӣ дар инсон мешавад.

Мавзӯоти муаммоие, ки ниёз ба ҳалли як роз ё мушкил дошта бошад.

Дорои шахсиятҳое бошад, ки орзу мекунанд ба ҷои онҳо бошанд.

Мавзӯот ва мӯҳтавои як достони сохта ва достонӣ.

Чизи ҷадиде ба онҳо биомӯзад.

Зиндагиномаи шахсиятҳо.

Достонҳои тарснок.

Дар мавриди чизҳое бошад, ки навҷавон дар зиндагии худ онро таҷриба мекунад.

Дорои шахсиятҳое бошад, ки ошиқ ҳастанд.

Дорои шахсияте шабеҳ ба худи онҳо бошад.

***

Ёдоварии чанд нукта

Дар ташвиқи навҷавон ба мутолиа ва китобхонӣ ба чанд нукта бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем:

1 – Навҷавон дар интихоби китоб ва мавзӯи мавриди назар, бояд ҳаққи интихоб дошта бошад ва мо набояд ба ӯ дикта кунем, ки кадом китобро бихонад ва ба кадом мавзӯъ бештар аҳамият бидиҳад, албатта дар ҳадди мушовира метавонем бо ӯ мавзӯеро дар миён гузорем, вале фақат дар ҳадди мушовира ва пешниҳод.

2 – Сатҳи китоб, яъне муносиб будани мавзӯъ бо синни навҷавон, масъалаест, ки набояд аз он ғафлат кунем.

3 – Улгусозӣ ва сармашқи хубе барои навҷавон ба вуҷуд биёрад.

4 – Дар бораи он чи ки хондааст, бо ӯ сӯҳбат кунем.

5 – Мутолиа бояд бо мавзӯоти алоқамандии навҷавон муносиб бошад.

6 – Мутолиаро бо шабакаҳои иҷтимоӣ гиреҳ бизанед. Имрӯза ҳама гирифтори фазои маҷозӣ ва интернет ҳастем. Беҳтар аст, истифодаи навҷавон аз интернет ва фазои маҷозӣ ҳам бо мутолиа ва хондани маводи муфид аз интернет гиреҳ бихӯрад.

7 – Алоқамандии навҷавон ба мавзӯоти рӯз ва рӯйдодҳои рӯзро дар назар бигирем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.