Эҳтиром ба занон

75

Имом Ҳасан (рз) мефармоянд: Ҳар касе ,ки издивоҷ кунад бояд ҳамсари худро эҳтиром карда қадрдони ӯ бошад. Зан дар Ислом (мисли меҳмони гиромӣ аст), ки меҳмон аз ҷойгоҳи болои бархурдор аст  аз тарафи мудохила дар корҳои рӯзгор ва корҳои дохили хона мудир ва парастор мебошад ва вақте ҳам, ки фарзанддор шуд модари оила ва модари ҷамъият мебошад. Зани хуб (мисли маликаи кандуи асал ,ки ҳамаро ҷамъ нигоҳ медорад).

Марди мусулмон бояд пеш аз издивоҷ андеша кунад, ки масъулияти сангинеро бар уҳда хоҳад гирифт. Дини мубини Ислом занро амонат муаррифи мекунад, ки гоҳо меҳмонҳам мехонад ва салоҳияти онро дорад, ки ба ӯ эҳтиром гузошта иштибоҳашро бубахшад, пас бояд бо ӯ меҳрубон бошаду созиш ёбад.

Имом Ҳасан (рз) аз падари гиромии худ мегӯяд: Ҳар касе, ки бо зане издивоҷ кунад бояд ба ӯ эҳтиром гузорад; зан маъшуқи туст,  дилбари туст бояд қадри дилбарро донӣ.

Ҳазрати Али (кр) мефармоянд: Зан райҳон аст на қаҳрамон бо зани худ бо меҳрубонӣ ва гуфтори нек муомила дошта бош, то онҳо низ хушмуомила ва меҳрубон бошанд.

Райҳон нозук ва латиф аст, аз ин рӯ кори сахту душвор набояд бар души зан гузошта шавад. Бе сабаб касе афсурда намешавад, бинобар ин шумо намехоҳед, ки ҳамсаратон афсурда шавад пас худатон онҳоро ғамгину нороҳат накунед . Имом Али (кр) мефармоянд: Худо раҳмат кунад мардеро, ки равобити байни худ ва ҳамсарашро хуб кунад . Худованд ихтиёри ӯро бар мард дода ӯро сарпараст ва нигаҳбони зан қарор додаст ва бидонед, ки Худованд ӯро оромиши нафси шумо, анис валии шумо қарор додааст ва инчунин ҳар яки шумо, зану шавҳар бояд ба неъмати ҳамсараш ситоиш кунад ва бидонад, ки ин неъмати Худо аст, ки ба ӯ ато кардааст ва лозим аст, ки ба неъмати Худо меҳрубон бошад ва бо ӯ бисозад.

Ҳуқуқи занон бар мардон

Барои идора кардани манзил ва хонавода ба мард се хислат лозим аст, ки агарчи надошта бошад ҳам бояд худро маҷбур кунад , ки ба онҳо амал кунад; рафтори нек , саховатмандӣ ва ғайрат барои ҳифзи онҳо.

Шавҳар дар баробари занаш аз се чиз бе ниёз нест: Мувофиқат бо ӯ барои ҷалби созгорӣ, ишқу муҳаббат ва муомилаи нек бо ӯ ва фароҳам кардани шароити мусоид.

Марди шоиста ва донишманд ба ҳаққи зан таваҷҷуҳи зоҳирӣ  намуда вазифаҳои худро дар баробари шарики худ анҷом медиҳад: Ба эҳтиёҷоти маънавӣ ва тарбиявӣ, масъалаҳои зарурии динии ҳамсараш аҳамият медиҳад  марде, ки бо усулҳои издивоҷ ошноӣ дорад ба зебоӣ ва намуди зоҳирӣ , гигиенаи шахсии худ таваҷҷуҳи кофӣ медиҳад ва тавассути ин зани худро ба худ ҷалб мекунад, ва аз усулҳои ишқбозӣ огоҳ аст ва ба ниёзҳои ҷинсии ҳамсараш посух медиҳад ва худро ба ҳамсараш вомегузорад ба эҳтиёҷоти моддию маишии шарики худ бо хоҳиш ва шавқмандӣ ҷавоб медиҳад шарики худро аз дахолат кардан ба корҳои марбут ба хона истисно намекунад ва иштироки ӯро дар идора кунии хона қабул мекунад  ва дар ин бобат қувваю ғайрати худро дареғ намедорад  бо занаш ҷуз бо забони муҳаббату эҳтиром муошират намекунад ва ҳадафаш эҷоди сулҳу шодӣ дар зиндагӣ аст хатогиҳояшро мебахшад узри ӯро мепазирад тоқат мекунад ва аз озораш худдори мекунад. Вақте ки зан эҳсоси ногувор ва манфӣ дорад ва албатта зан дар ин ҳолат хеле осибпазир аст ва ба муҳаббати ҷиддии шавҳар ниёз дорад ва мехоҳад ӯро бифаҳмаду ба гуфтаҳои ӯ таваҷуҳ кунад марде, ки аз вазифаҳояш огоҳ асту ба онҳо аммал мекунад  гуш додани зан ва дӯст доштани ӯро вазифаи муҳимтарини худ медонад ва бо ин рафтор ва сабру таҳаммул вазъи зан беҳтар мешавад ва ором мешаваду ҳамдигар фаҳмӣ ба вуҷуд меояд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.