Некӣ ва эҳсон ба падару модар

146

Некӣ ва эҳсон ба падару модар

Некӣ ва эҳсон ба волидайн бузургтарин дастури илоҳӣ

Аз Амиралмӯъминин Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Бузургтарин таклиф ва дастури илоҳӣ, некӣ ба падару модар аст”.

Аз Ибни Масъуд нақл шудааст, ки мегӯяд: Аз Паёмбари гиромӣ суол кардам: Маҳбубтарин кор пеши Худованд кадом аст?

Паёмбар(с) посух доданд: Намоз дар вақташ.

Гуфтам: Баъд аз он чӣ?

Фармуданд: Некӣ ба падару модар!

Гуфтам: Баъд аз ончӣ?

Фармуданд: Ҷиҳод дар роҳи Худо.

Азамати падару модар

Имом Ризо(а) фармуданд:

Худованди Мутаол дастур додааст, се чиз ҳамроҳи се чизи дигар анҷом гирад:

1 – Ба намоз ҳамроҳи закот дастур додааст. Пас касе, ки намоз бихонад ва закот напардозад, намозаш низ пазируфта намешавад.

2 – Ба сипосгузорӣ аз худаш ва падару модар фармон додааст; пас касе, ки аз падару модараш сипосгузорӣ накунад, Худоро шукр накардааст.

3 – Ба тақвои илоҳӣ ва ба силаи раҳим дастур фармудааст. Пас касе, ки силаи раҳим анҷом надиҳад, тақвои илоҳиро ба ҷо наовардааст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.