Ҳикояти подшоҳ ва ғулом

34
Ҳикояти подшоҳ ва ғулом
Ҳикоёте аз Гулистони Саъдӣ
Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ дар киштӣ нишаст ва ғулом, дигар дарёро надида буду меҳнати киштӣ наёзмуда. Гиряву зорӣ дарниҳоду ларза бар андомаш афтод.
Чандон ки мулотифат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ӯ мунағғас буд. Чорае надоштанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд. Маликро гуфт: Агар фармон деҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш гардонам.
Гуфт: Ғояти лутфу карам бошад.
Бифармуд то ғулом ба дарё андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд, мӯяш гирифтанду пеши киштӣ оварданд. Ба ду даст дар суккони киштӣ овехт. Чун баромад, ба гӯшае бинишасту қарор ёфт.
Маликро аҷаб омад. Пурсид: Дар ин чи ҳикмат буд?
Гуфт: Аз аввал меҳнати ғарқа шудан начашида буду қадри саломати киштӣ намедонист.
Ҳамчунин қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.
Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд
Маъшуқи ман аст он ки ба наздики ту зишт аст
Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст
Фарқ аст миёни он ки ёраш дарбар
То он ки ду чашми интизораш бар дар.
Гулистони Саъдӣ
Хонаводаи намуна
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.