Оини зиндагӣ – Бо мардум чигуна сухан бигӯем?

115

Аз шарру бадиҳои шайтони рондашуда ба Худо паноҳ мебарам
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Худоё, бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!
Бародару хоҳари гиромӣ, салом!
Рӯзи ҳамаи шумо пур аз хайру баракат бод!
Бо мардум чигуна сухан бигӯем?
Худои Мутаол дар ояти 83 сураи Бақара дар бораи ин вазифаи муҳими иҷтимоии мо мефармояд:

وَ قُولُوا لِلنَّاسِ حُسْنًا

Ва бо мардум неку сухан бигӯед!
Паёмҳои ин ояти шарифа:
1. Гуфтори мо ҳам ҷузъи амалҳои мост ва бояд диққат кунем, ки Худованд дар бораи он чӣ фармудааст. Мӯъмину мусулмон ва бандаи Худо тобеи амри Худост.
2. Неку сухан гуфтан бо мардум амри Худо аст. Агар ба намозу рӯзаву ҳаҷҷу закот ва ибодатҳои Худо аҳамият медиҳем, ки амри Худоро анҷом диҳем ва аз нофармонӣ ва гуноҳ парҳез кунем, бояд бидонем, ки неку сухан гуфтан бо мардум ҳам вазифае аст, ки Худованд барои мо таъин кардааст.
3. На танҳо бо мусулмонон, балки бояд бо ҳамаи мардум неку сухан бигӯем.
4. Яке аз роҳҳои шинохти шахсиятамон суханони мост, пас диққат кунем!
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст
Гар сухан ҷон набувад мурда чаро хомӯш аст!
5. Неку сухан гуфтан бо мардум яке аз ҳуқуқи онҳост, пас аз Худо бихоҳем, ки тавфиқи адои ин ҳақро ба мо диҳад.
6. Ончиро барои худамон меписандем барои дигарон ҳам биписандем. Ҳамаи мо дӯст дорем, ки дигарон бо мо хуб ва нек сухан бигӯянд.
7. Ҳам хуб сухан бигӯем ва ҳам сухани нек бигӯем, вагарна беҳтарин чой дар офтоба лаззатбахш нест.
8. Амнияти равонии ҷомеа ва мардум муҳим аст ва бештари навъи робита мо бо мардум гуфторӣ аст, пас онро ҷиддӣ бигирем ва дар оромишу осоиши мардум саҳми нек бигузорем!
9. Гуфтори нек бо мардум амри Худо ва вазифаи бандаи Худост. Бархе “гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек” шиор медиҳанд, вале дар ҳамон ҳол бадтарин суханҳо ва зишттарин лафзҳо ва бештарин тӯҳматҳоро ба дигарон нисбат медиҳанд. Аз кӯза ҳамон бурун таровад, ки дар ӯст!
Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад
Пистаи бемағз агар лаб во кунад расво шавад
10. Ҳамаи мо вазифаи дорем, ки оини зиндагиро аз Қуръони Карим биёмӯзем ва аз Худо бихоҳем, ки тавфиқи илми бо амал ва судманд ба мо ато кунад!
Дар ривоят мехонем: Бо ҳамаи мардум чӣ мӯъмин ва чӣ мухолиф бо забони хуш ва нек сухан бигӯед. Мӯъмин ба бародарону хоҳарони имонияш бо чеҳра ва каломи хуш муомила мекунад ва бо мухолифон бо мудоро сухан мегӯяд то онҳо ба имон ҷазб шаванд ва агар ҳатто ҷазб нашуданд ҳадди ақал аз бадиҳои онҳо дар ҳаққи худ ва бародарону хоҳарони мӯъминаш пешгирӣ кунад.
Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст
Бо дӯстон мурувват бо душманон мудоро
Худоё, моро ба анҷоми амрҳоят тавфиқ деҳ!
Сухан гуфтан шароити дигаре ҳам дорад, ки Қуръони Карим ба мо амр кардааст ва дар бахшҳои баъдӣ онро пешкаши шумо хоҳем кард! Ин шоа Аллоҳ.
С. М.
24 июни 2022

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.