Одатҳои баде, ки муносибати шуморо бо дигарон вайрон мекунад

52

Ҳамаи мо одатҳои бад дорем, ки баъзе аз ин одатҳои бад метавонанд ба пешравии мансаб монеъ шаванд ё ба муносибатҳои оилавӣ таъсир расонанд  ва ё муносибатҳои  моро бо  одамони дигар осеб расонида ҷудо ё дур намоянд;  одатҳои бади иҷтимоӣ инҳоянд:

Истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Психолог доктор Ҷозеф Силона мегуяд: (Фабинг як истилоҳи омиёнае аст, ки барои ишора ба амалияи одамон ба ҷойи таваҷҷуҳ ба дигарон дар муҳити иҷтимоӣ, оилавӣ ба телефонҳои мабилии худ нигоҳ мекунанд), аммо ин бе тартибӣ дар баробари маҳрум кардани инсон аз ҳаловати муошират бо дигарон дар оянда ба эҳсосоти фардӣ, иҷтимоӣ, оилавӣ ва издивоҷ зарар мерасонад; из ин рӯ ҳамаи инсонҳоро зарур аст, ки ин одати бадро бо усулҳои табобат кунанд.

Изҳори таваҷҷӯҳи ҳамсарон ба ҳамдигар дар ҳузури дигарон

Албатта ҷуфтҳоеро дидаед, ки дар назди мардум даст аз ҳам ҷудо намекунанд ва ҳамчунин изҳори муҳаббат ба ҳамдигар мекунанд; муносибатҳои ин ҷуфтҳо шоистаи таҳсин аст, аммо мушкил дар он аст, ки баъзан муносибатҳои эҳсоси ин ҷуфт аз муқаррарӣ берун аст. Муносибати аз ҳад зиёди эҳсосӣ ва лафзии ҷуфти ҳамсарон дуруст нест, зеро боиси ҳассосият дар ҷомеа ба хусус ҷавонони номаҳрам ва танҳо мегардад. Аз сӯи дигар, изҳори таваҷҷуҳи ғайримуқаррарии зану шавҳар дар назди бузургон як навъ бе эҳтиромӣ ва бе эътиноӣ ба ҳузури онҳо маҳсуб мешавад; аз ин рӯ, бо вуҷуди таъкиди Ислом ба изҳори муҳаббат ба ҳамсаратон, аммо ҳангоми изҳори таваҷҷуҳи лафзӣ ва рафторӣ ба ҳамсаратон ба ҳузури афроди мувофиқи синну сол ва ҳассосиятон таваҷҷӯҳ кунед.

Мудом шикоят

Баъзан шикоят кардан чизи баде нест, аммо мушкил дар он аст, ки шикоят кардадан дар бархе аз афрод одат мешавад, ки аз онҳо даст кашида наметавонанд. Ин одати бад шуморо ба як шахси манфӣ табдил медиҳад ва аз тарафи дигар бо ин шикоятҳо дигаронро нороҳат мекунад. Пас бипазиред, ки ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз комил нест ва ин одатро дар худ шикастед дар вазъияти кунуни худ ё дар одамон ҷиҳатҳои мусбатро ҷустуҷӯ кунед ва ба дигарон таассурот пайдо кунед.

Ваъдаи бад

Ҳатман дидаед  шахсонеро, ки ҳамеша ба меҳмониҳо, кор, мулоқот (таъинот) ва… дер мераванд ва бо бахшиш мемонанд. Дар ин мавридҳо посухе, ки интизори шунидани онҳост, ин аст; ( мушкил нест) аммо дар асл ин нодуруст аст! Зеро ин маънои эҳтиром накардан ба вақти дигаронро дорад .Рафтори ношоиста ба муносибатҳои шумо бо дигарон низ таъсир мерасонад ва шуморо ба як шахси бесарусомон, бепарво ва бе эътимод табдил медиҳад; пас пешакӣ ба нақша гиред, барвақт омода бошед ва ногаҳонӣ интизор шавед, дигаронро эҳтиром кунед ва ҳамеша дар ҳама ҷо сари вақт ҳузур дошта бошед.

Зиёд суҳбат кардан

Бархе гумон мекунанд, ки бо сухани зиёд метавонанд таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб кунанд ва дили дигаронро боз кунанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки сухангӯӣ ба дигарон эҳсос мекунад, ки шумо як шахси худхоҳед, ки барои сӯҳбат бо дигарон вақт намедиҳед; аз ни рӯ кӯшиш кунед, ки дар назди мардум камтар сухан гӯед ва бештар гӯш кунед. Ҳамчунин имкон диҳед, ки сӯҳбатҳо ба таври табиӣ ҷараён гиранд ва яктарафа гап назанед.

Намоиш додан

Мағрурӣ яке аз он одатҳои нафратангезест, ки на танҳо мардум аз шумо мегурезанд, балки шуморо дар назари дигарон беэътимод ва паст нишон медиҳад; пас ҳангомӣ сӯҳбат бо дигарон аз дороиҳои худ ёд накунед ва дороии худро намоиш надиҳед  ҳамеша тавре рафтор кунед, ки одамон шуморо аз рӯи хислатҳои зотии худ дӯст доранд, на аз рӯи сарват.

Халал расонидан ба  дигарон ҳангоми сӯҳбат

Агар шумо чунон саросема бошед, ки то ба охир расонидани сухани дигарон интизор шуда, баъд ҷавоб доданро надоред беҳтар аст, ки рафтори худро аз нав дида бароед, зеро дар байни сӯҳбати касе ҷаҳидан нишонаи беадабӣ ва набудани малакаҳои иҷтимоӣ аст. Агар шумо нахоҳед ба одами худписанд монанд шавед, ҳеҷ гоҳ ба дигарон халал нарасонед. Агар ин корро  кардан лозим бошад, ҳатман ин корро бо гуфтани бахшиш анҷом диҳед ё агар дар миёни суханони  дигарон чизе пайдо кунед, ки шояд фаромӯш кунед, беҳтараш онро нависед  то шахси дигар бигӯяд, пас аз он шумо низ суханатонро бигӯед.

Хандаи баланд

Ханда на танҳо ба саломатии рӯҳӣ ва ҷисмонӣ таъсири мусбат мерасонад, балки бо ханда метавон мардумро ба худ ҷалбб кард аммо бидонед, ки хандаи баланд низ ба саломатии шумо зарар овар буда, боиси сактаи қалб, дарди гулӯ ва пешоб инчунин ҳушёрӣ мегардад ва шаъну эътибори худро дар пеши дигарон паст ва доғдор мекунад. Инчунин  ин одати бад таваҷҷуҳи дигаронро ба худ ҷалб мекунад ва азбаски дигарон чӣ хандаовар будани мақолаи шуморо намедонанд, боиси нофаҳмоии онҳо мегардад.

Пойҳои худро якҷоя гузоштан

Одатан одамон ҳангоми нишастан дар курсӣ ва диван одатҳои гуногун доранд ва онҳо бартарӣ медиҳанд, ки гоҳ гоҳ ҷои нишасти худро иваз кунанд, то ҳолати худро тағйир диҳанд. Одамоне, ки одатҳои хуб доранд, пойҳои худро бар пои дигар мегузоранд, аммо ин усули маъмули нишастан ба ҷуз аз хатарҳои ҷисмонӣ, аз қабили фишори баланди хун, дарди пушт ва гардан ва… дар муносибатҳои шахсӣ низ  муассир аст; агар ин намуди нишастан дар ҷамъомади расмӣ, мусоҳибаи  корӣ, мулоқот ва таъинот сигналҳои манфӣ ба дигарон интиқол медиҳад; аз ин рӯ ҳангоми қабули қарор ва музокира бо дигарон аз гузоштани пойҳо худдорӣ намоед ва фурӯтанӣ ва эҳтироми худро нисбат ба дигарон нишон диҳед, ки пойҳоятонро дар паҳлӯи якдигар гузоштаед.

Ба паёмҳои дигарон посух надодан

Мо дар давру замоне ҳастем, ки мизони иттилоъот таввасути паёмрасонҳо ба ҳадде зиёд аст, ки гоҳо наметавонем ҳамаи онҳоро бихонем ва ба он посух бигӯм, аммо гоҳо бархе дидаву дониста ба паёмҳои дигарон дер посух медиҳанд; баъзан онҳо паёмҳоро мебинанд аммо ҷавоб намедиҳанд. Эҳтиёт бошед, ки дер мондан на танҳо шуморо дар назари дигарон ҷолибу банд намегардонад, балки ин одати бад як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба шахси дигар аст ва дигарон шуморо мутакаббир ва бефарҳанг меҳисобанд; аз ин рӯ дуруст аст, ки ба ҳама паёмҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ  воридшуда сари вақт посух гӯед ва ё дар сурати имкон надоштани посухи саривақтӣ, дар вақти мувофиқ дар ҳоле, ки барои таъхир дар посух узрхоҳӣ намуда сабаби ҳалли худро фаҳмонед, то нороҳатӣ ва нофаҳмоиҳои пеш омада бартараф шавад.

 

 

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.