Кӯдак ва сабр

46

Кӯдак ва сабр

Омӯзиши сабр ба кӯдакон

Чӣ гуна ба кӯдакам сабрро омӯзиш диҳам?

Фаъолиятҳо ва бозиҳои муносиб барои омӯзиши сабр кадом аст?

Сабр яке аз муҳимтарин сифатҳоест, ки ҳар инсоне бояд онро биомӯзад ва дар худ тақвият кунад.

Беҳтарин роҳ барои ёдгирии сабр, ин аст, ки дар синни поин ба омӯзиши он бипардозем.

Барои ин кор, роҳкорҳо ва равишҳо ва бозиҳои бисёр зиёде вуҷуд дорад, ки падару модарон ва мураббиён метавонанд аз онҳо истифода кунанд.

Аҳамияти омӯзиши сабр ба кӯдакон

Агар фарзанди ман сабур буд ва сабр карданро ёд гирифт, чӣ фоидае дорад?

Одатан кӯдак алоқае ба сабр кардан надорад, ҳар чизеро, ки дилаш хост, ҳамин имрӯз ва ҳамин ҳоло мехоҳад.

Кӯдак дар мавридҳое мисли интизор мондани дар саффи хӯрокӣ ва ғайра бо мушкил дучор мешавад ва барои падару модараш ҳам мушкил дуруст мекунад ва бесабрӣ ва беқарорӣ мекунад.

Албатта ҳақ ҳам дорад, зеро дунё саршор аз лаззатҳои зудгузар аст ва кӯдак ҳам маҷбур нест, интизор кашад.

Бо ин вуҷуд, кӯдак бояд биомӯзад, ки сабр кунад, сабур бошад ва сабур будан барои ҳар инсоне аҳамияти зиёде дорад.

Оё омӯзиши сабр ба кӯдак равиши хоссе дорад?

Бале, ҳам аз тариқи бозиҳо ва ҳам аз тариқи омӯзишҳои хос, кӯдак сабрро ёд мегирад.

Масоиле, ки ба кӯдак сабрро мустақим ва ғайри мустақим омӯзиш медиҳад ва таъсиргузор аст, иборатанд аз мавориди зер:

Сабур будани падару модар

Шурӯи кам; омӯзиши сабрро аз камтарин маврид ва камтарин замон бояд оғоз кард

Бархурди муносиби падару модар бо кӯдак, ба ҳангоми беқарорӣ

Саргарм кардани кӯдак

Замонбандии муносиб

Анҷоми фаъолиятҳои ором ва муфид…

Ин мавориди зикршуда ба омӯзиши беҳтари сабр ба фарзандамон кӯмак мекунад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.