Арзиш ва аҳамияти вақт

30

Арзиш ва аҳамияти вақт

Арзиши вақт ва замон

Ғанимат шумурдани фурсатҳо

Дар зиндагии ҳамаи мо, муҳимтарин чизе, ки аз арзиши волое бархурдор аст, вақт мебошад, ки дар воқеъ шерозаи ҳаёти моро ташкил медиҳад. Арзиши вақт аз он ҷо дониста мешавад, ки Худованд дар Қуръони Карим сураеро ба номи “Аср” вақт ё замон фурӯ фиристода ва дар ҷойҳои дигаре аз Қуръон, ба бурҳаҳое аз замон ишороте доштааст ва дар Қуръон барои баёни аҳамияти он, ба он қасам ёд кардааст.

Дар аҳодис низ дорем, ки Расули Худо (с) фармуданд:

“Дар рӯзи қиёмат аз умри инсон ва махсусан аз ҷавониаш пурсида мешавад, ки дар чӣ роҳе сипарӣ шудааст”.

Ва низ фармуданд: “Фароғатро қабл аз ин ки гирифтор ва машғул шавӣ, ғанимат шумор”.

Инҳо ҳама баёнгари арзиш ва аҳамияти вақт аст, ки ба таври мухтасар ва фишурда баён шуд; пас бар мо лозим аст, ки аз вақти хеш ба таври дуруст ва дар қолаби як барномарезии дақиқ истифода намоем.

Дар Қуръони Карим нисбат ба вақт ва замон ва нисбат ба фурсатҳо ишороте шудааст: Вақт чун абр ба суръат мегузарад ва чун боди тунде равон аст, хоҳ ҳамроҳ бо шодӣ бошад ё андӯҳ. (Сураи Нозиот, Юнус).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.