Муҳимтарин нишонаҳои издивоҷи муваффақ

101

Мутаассифона дар назар нагирифтани ин тафовутҳо ва набудани тафоҳум(якдигарфаҳмӣ) ва муносиб будан, мушкилиҳоеро ба бор меоваранд. Гоҳе ҳамин муносиб набудан сабабе барои таҳқири духтар ё писар мешавад, ки нисбат ба  ҳамсари худ дар сатҳи поёнтаре қарор дорад ва ҳарфҳои ҳамчун “ин чӣ рафторе буд, ки кардӣ”? “Медони маро дар пеши хонаводаам паст задӣ”? “Обрӯямро дар назди ҳама бурдӣ”! байнашон гуфта мешавад. Ин гуна ҳарфҳо сабаби камранг шудани меҳру алоқа байни онҳо мегардад ва ба ҷое мерасад, ки мегӯянд мо ҳамдигарамонро намефаҳмем. Санҷишҳо барои сабаби талоқҳо нишон медиҳад, ки бисёре аз ҷудоиҳо ба хотири муносиб набудани онҳо ва ё хонаводаҳояшон аст.

Коршиносҳо мӯътақиданд таносуб ва ҳамкуфв будан бояд аз лиҳози иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, таҳсилӣ, ахлоқӣ, мазҳабӣ ва… вуҷуд дошта бошад. Ҳар қадаре, ки ин таносубҳо зиёдтар бошанд, ҳамсарон ҳамдигарро беҳтар мефаҳманд  дар натиҷа ин дарку тафоҳум боиси кам будани ихтилофот ва зиёдтар шудани меҳру алоқаҳояшон мешавад. Ҳам куфв будан ба маънои он нест, ки он фард бе ҳеҷ нақсе мисли шумо бошад, балки ба маънои муносиб будан ҳаст, ки гоҳан ба маънои монанд будан ё ҳам масир будан аст.

Барои шинохти бештари шумо мутаносиб буданро  шаффофсозӣ мекунем.

Монанди дар дину ақида

Навъи дидгоҳи афрод ба дину мазҳаб дар зиндагии муштарак хеле зарурист. Шояд дар як хонаводае навъи муошират кардан, гуфтугӯ, риоят накардани ҳиҷоб дар назди хешу табор чандон ҷиддӣ набошад, вале риояти масъалаҳо шояд дар як хонаводаи дигар ҷиддӣ бошад. Ҳол писар ва духтари ин ду хонавода  ба умеди ин ки  метавонанд рӯи якдигар таъсир гузоранд, метавонанд бо ҳам издивоҷ кунанд?

Муносиб будан аз лиҳози фарҳанг

Дар ҳар фарҳанге навъи иртиботҳо гуногунанд. Барои ҳамин навъи рафтор, ибрози алоқа ва эҳсосот низ мумкин аст фарқ дошта бошад. Масалан, шояд навъи рафтори шумо дар фарҳанги дигар нохушоянд бошад, ва ин тафовутҳои фарҳангӣ зиндагии муштаракро сахт мекунад дар ин ҳол зану шавҳар ба вақт ниёз доранд, то бештар ҳамдигарро дарк кунанд вале баъзан бо гузари замон ҳам наметавонанд ба дарк расанд.

Таносуби иқтисодӣ

Ин масъала ҳам хеле ҷиддӣ мебошад махсусан дар робита бо духтаре, ки дар нозу неъмат рушд ва ба воя расидааст, чун наметавонад бо писаре зиндагӣ кунад, ки аз кӯдаки дар фақр калон шудааст, бешак он осоишу роҳатие, ки дар хонаи падару модараш дошт, онро инҷо надорад ва ин масъала метавонад боиси таҳқири писар шавад, ки гоҳан бо “Ту чашмат аз пайи пули падарам буд” ё “Ту ба хотири пул маро гирифтӣ” ба дунбол хоҳад дошт.

Таносуби таҳсилӣ

Бар хилофи касоне, ки фикр мекунанд, бо баланд будани сатҳи дониши одамон аз лиҳози фарҳангӣ ҳам метавонанд боло раванд, афроде ҳастанд бар ин баворанд, ки савод бо фарҳанг робитае надорад. Масалан шахсе, ки сатҳи донишаш болост, шояд дар байни ҷамъият бад рафтор тунд рав бошад ва кӯчаку бузург нашиносад, вале бараксаш фарде ҳаст кам савод вале ба хуби қонунҳоро риоят мекунад. Таҳсил метавонад  дидгоҳи одамонро дар зиндагӣ изав кунад. Ду нафаре, ки дар як муҳит таҳсил кардаанд ва фарқе ҳам надорад кадомашон бо саводтар ҳаст, бе шак онҳо дарки беҳтаре аз ҳам доранд.

Аслитарин масъала дар издивоҷ расидан ба оромиш аст ва барои расидан ба ин оромиш низ баҳси ҳамкуфв будан матраҳ мешавад. Яъне агар дар зиндагии шумо масъалаҳои моддӣ муҳим аст, бояд ҳатман ба ҳам куфв будан  аз лиҳози иқтисодӣ таваҷҷуҳ шавад, вагарна дучори мушкилот мешавед. Хонаводаҳое, ки дар ҳадди гуфтан мусалмон ҳастанд, ҳам баъди издивоҷ ба далели бе аҳамияти дар интихоб дучори мушкилот мешаванд ва инҳо боиси вайрон шудани зиндагиҳо мешавад.

Паёмбари акрам (с) мефармоянд : “ Ба ҳамгинон зан диҳед ва аз ҳамгинони худ зан гиред” пас метавон гуфт, ки ҳамкуфв будан муҳимтарин масъала дар издивоҷ аст.

Вақте ки ба маънои “ҳамсар” таваҷҷуҳ мекунем мебинем, ки ҳамсар танҳо ба маънои зан ва ё шавҳар будан нест, балки маънои васеътарӣ дорад, ки ҳамон “ ҳам – сар” будан аст, яъне яке будан, мисли ҳам будан ва муносиб будан аз ҳар лиҳозӣ ва ин гуна аст, ки зану шавҳар метавонанд ба маънои ҳақиқӣ ба оромиш даст ёбанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.