Таъсири назму барномарезӣ дар зиндагӣ

214

Таъсир ва аҳамияти назм дар зиндагии инсон, инкорнопазир аст.

Волтер Скотт шоир ва нависандаи маъруфи шотладнӣ вақтҳои кории худро ба ду қисмат тақсим карда буд: як бахшро ба корҳои идорӣ ва бахши дигарро ба таснифу таълифи китоб ихтисос дода буд. Мувозибати вақт дар корҳо барояш одат шуда буд ва агар чунин набуд, муваффақ ба навиштани ин ҳама китоби боарзиш намешуд.

Дар ислом низ нуктаҳои арзишманде дар ин бора ворид шудааст. Имом Алӣ дар охирин лаҳазоти зиндагии худ пайравонашро ба ду омили муҳим ва ҳаётӣ, ки ҳамоно рамзи пирӯзӣ ва муваффақиятанд, супориш карда ва фармудааст: “Шуморо ба тақвою парҳезгорӣ ва назм дар корҳо супориш мекунам”.

Барои барқарории назм дар зиндагӣ бояд ба барномарезии корҳои рӯзона пардохт ва ҳар кореро дар вақти муносиби он анҷом дод. Дар ривоёт авқоти мусалмонро ба чаҳор бахш тақсим намудаанд. Аввал розу ниёз бо Худо, дуюм, кору талош барои касби рӯзӣ, сеюм иртиботи созанда бо дигарон ва чаҳорӯм тафреҳу саргармии солим.

Бинобар ин ҷавон барои расидан ба муваффақият бояд бо як барномарезии дақиқ ва мантиқӣ барои истифодаи беҳина аз фурсатҳо, тамоми корҳои рӯзонаи худро анҷом диҳад ва аз дарҳамрехтагӣ ва беназмӣ дар зиндагӣ, ки омили рукуд аст, башиддат дурӣ кунад. Барномаҳои таъиншударо бо суръат ва диққат ба анҷом расонад ва корҳои ҳар рӯзро ба фардо наафканад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.