Чаро бархе афрод хашмгин ҳастанд?

222

Ҳамаи афрод дучори ҳаяҷонҳои рафторӣ ҳамчун тарс, шодӣ, ғам ва хашм мешаванд ва ин ҳаяҷонҳо то ҳудуде табиӣ ҳастанд ва ҳамонтавр, ки ишора шуд ҳаяҷонҳо боиси бақои инсон мешавад масалан агар мо асабони нашавем наметавонем аз ҳуқуқи худ дифоъ кунем ё агар дучори тарсу изтироб нашавем наметавонем худро дар мавқеияти хатарнок наҷот диҳем, бинобарин мо ниёз дорем хашми солим, тарси солим, ғаму шоди солимро таҷриба кунем, аммо гоҳе хашмҳои мо аз ҳолати табиӣ хориҷ мешавад ва табдил мешавем ба як одами ҳамеша асабонӣ, ки бо кӯчактарин ҳарфу рафтори сареъ хашмгин мешавад аммо чаро бархе афрод хашмгин ҳастанд?

Зигмунд Фред мегӯяд: Вақте фарде энержии зиндагӣ ва лаззатҷӯӣ ва боядҳо ва набоядҳои даруниашро саркӯб мекунад ва баъд дар берун аз худаш фардеро мебинад, ки он лаззатҷӯиҳоро анҷом медиҳад ба шиддат дучори хашм мешавад ва сарчашмаи ин хашм саркӯби ҳаяҷонҳое аст, ки дар дарунаш будааст.

Олфред Олерд мӯътақид аст: решаи хашм, уқдаи ҳақорат аст. Дар воқеъ инсонҳо аз ҳақоратҳое, ки аз аввали таваллуд доранд ва дар муқоиса бо бузургтарҳо худашонро нотавон мебинанд талош мекунанд, ки ҳақоратро бартараф кунанд, аммо як ҷое ба ин нуқта мерасанд, ки нуқтаи муқобили ҳақорат, хушунату қудрат аст.

Корен хашмро тарсҳои даврони кӯдакӣ ва камбудҳои модарӣ медонад, ки наметавонд фарзандашро аз назари физикӣ ва равонӣ тағзия кунад. Модароне, ки ба қадри кофӣ дар канори фарзандонашон нестанд бачаро дар як мавқеияти камбуди навозиш қарор медиҳанд ва чунин бачаҳое дар бузургсолӣ дучори изтироб ва ноамнӣ мешаванд ва вокунишҳои ношъатгиритфа аз хушунатро нишон медиҳанд то дар он мавқеияти ноамн аз худ дифоъ кунанд.

Аммо рафторгароён аз зовияи дигаре ба хашм нигоҳ мекунанд ва мегӯянд: хашму хушунат сарчашмааш аз ёдгирӣ аст; мо дар ҷомеа мушоҳида мекунем ва ба таври мустақим ва ғайримустақим ба мо ёд медиҳанд, ки пархошгар бошем. Масалан мо мустақиман падареро мебинем, ки вақте аз чизе нороҳат мешавад ба ҷои гуфтугӯ нисбати хоҳар, бародар ва модар бо хушунат рафтор мекунад ё вақте аз муҳити иҷтимоӣ асабоӣ мешавад ба ҷои онки нақд кунад носозгӯӣ мекунад; ин падар амалӣ ёд медиҳад, ки ҳар вақт чизеро дидӣ, ки майли онро надоштӣ ҳақ дорӣ, ки асабонӣ шавӣ…; шеваи ғайримустақими ривоҷи хашм ин аст, ки дар кӯдакӣ барои бачаҳо асбоббозиҳое мисли туфанг мехаранд ва ё бозиҳои компиютерии хушунатомезро дар ихтиёри бачаҳо қарор медиҳанд, аммо бачаҳое, ки чунин бозиҳоро анҷом медиҳанд подош мегиранд, ки куштан ҷоиза дорад ва ин бачаҳо нохудогоҳ омӯзиш мебинанд, ки асабонӣ будан хеле хуб аст ва мавриди ташвеқ қарор мегиранд, лизо дар ин роҳ синамо, телевизион ва расонаҳо метавонанд бо улгу додан бисёре аз ҷамъиятро ба самту сӯи хоссу беҳтар ҳидоят кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.